Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ТАҶЛИЛИ ИДИ ҶАНГОВАРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛ

     Рӯзи гузашта 15 феврал ба муносибати 34-умин солгарди баровардани Қӯшунҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар шаҳрамон чорабиниҳои идона баргузор гардида, бо ишитироки кулли ҷанговарони байналмилали шаҳр ҳамоишҳои идона доир карда шуд.
     Нахуст маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи шаҳидони ҷанги Афғонистон сурат гирифта, кулли ҳамяроқон хотираи неки шаҳидонро пос доштанд.
     Сипас дар деҳаи Ниёзбеки ҷамоати деҳоти Куҳандиёр ба ифтихори номгузории кӯча ба номи ҷанговари байналмилал шодравон Бахтиёр Холматов ҷамъомад доир гардид. Б.Холматов соли 1967 дар шаҳри Конибодом ба дунё омада, ҳамчун ҷанговари байналмилал дар ифои рисолати ҷавонмардии хеш ба халқу ватан хизматҳои шоиста намудааст. Ӯ бар асари беморӣ соли 2021 дунёро тарк кардааст.
     Дар ҷамъомад  муовини Раиси шаҳр Зарринахон Ғафурзода, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Наимҷон Ғаниев, Раиси Шӯрои собиқадорони  ҷанговарони байналмилал Орифҷон Қосимов, Раиси ҷамоати деҳоти Куҳандиёр,  ҳамяроқону дӯстон ва модари марҳум сухан намуда, оид ба хизматҳои садоқатмандонаи Б.Холматов ёдовар шуданд ва ба номи Б.Холматов номгузорӣ шудани кӯчаро иқдоми арзанда ва як роҳи тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ арзёбӣ намуданд. Хонандагону наврасон бо қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистон ва ҳимоятгарони Ватан чорабиниро боз ҳам хотирмон гардониданд.
     Ҳамчунин дар ин рӯз ҷанговарони байналмилал, ки дар бистари беморианд, аёдат карда шуда, аз номи Раиси шаҳр ва Шӯрои собиқадорон ҳадяҳои идона супорида шуд.   
     Баъдан дар тарабхонаи “Гули бодом” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастурхони идона барои ҷанговарони байналмилал ороста шуда, муовини Раиси шаҳр табрикоти идонаи Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзодаро бахшида ба ин рӯзи хотирмон ба самъи ҳозирин расонид. Дар чорабинии идона Раиси Комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонзода, собиқадорони ҷанг баромад карда, аз ҷасорату мардонагии ҷанговарони байналмилал ва саҳми онҳо дар ҳифзи осудагии халқу Ватан ибрози назар намуданд. Дар маҳфили идона ба чанд нафар ҷанговарон барои хизматҳои содиқона ва саҳми арзандаашон дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон сипосномаи Раиси шаҳр супорида шуд.
     Дар хотима барномаи рангини ҳунарӣ ва рақсу сурудҳои дилнишин пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *