Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Терроризму ифротгароиро маҳкум мекунем!

          

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастури Раиси вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ дар коллеҷу литсейҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллу шаҳракҳо мулоқоту вохуриҳоро роҳандозӣ намуда, чунин мулоқот тибқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 28.09.2021 бо хонандагону омӯзгорони литсейи аграрии саноати кишоварзии шаҳр баргузор гардид.

Дар мулоқот Юсупов Исмоилҷон -муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Тураева Муаззама- раиси Шурои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, Назиров Мансурҷон-имомхатиби масҷиди ҷомеи Арабои боло ва масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок ва бобати масъалаи мубрам –пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспушии миллӣ, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, мустаҳкамии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуданд.

Мулоқот бо суолу ҷавоби тарафайн ва дарки худшиносии миллӣ байни ҷавонон анҷом ефт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *