Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Терроризм – хатар ба инсоният

АНДЕША: Ахиран ҳодисаҳои террористии дар ақсои ҷаҳон рухдода аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гурӯҳи худхоҳ мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмониву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Гурӯҳҳои тундрави террористӣ бо ниқоби ислом даҳҳо амалҳои қатлу кушторро роҳандозӣ намуда, аз ноором сохтани вазъ дар минтақаҳо дили сиёҳашон қаноатманд мегардаду дар назди хоҷагонашон рисолати разилонаашонро ба ҷо меоранд.

Вазъи кунунии кишвари ҳамсояи Афғонистон мисоли равшанест, ки чанд даҳсолаҳоинҷонибмавриди ҷангу нобасомониҳои гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифта, ҳамакнун гурӯҳи дар аксар кишварҳо мамнуъи “Толибон” ғасбу қатлу кушторро ба ҳадди ниҳоӣ расонидаанд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, киамалу кирдори ваҳшиёнаи терроризм ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Гурӯҳи тундрави “Толибон” лоф мезананд, ки гӯё аз манфиатҳои миллату давлати худдифо мекунанд, як миллати сарҷамъу осоиштаи исломӣ бунёд месозанд, аммо дар асл, ҳадаф аз ин кирдорҳои бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни кишварҳо мебошад. Терроризм имрӯз ва ҳамеша аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумумибашарӣ мебошад, ки пои наҳсаш ҳар куҷое расад, мусибату ҷоҳилӣ, ҷон бохтани мардуми осоишта, валангоргардидани манзилҳо, фирор намудани аҳолӣ дигар бар ҷо мегузорад.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин зуҳуроти пурхатар, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, иттиҳоду якдилии ҳар яки мо – ватандорон нақши муҳим дорад, то кишвари амну осудаи худро аз разолати афроди ҷоҳилу хиёнатпеша эмин нигоҳ дорем.

ШАҲРИГУЛ СИДИҚОВА –

узви фаъоли ҲХДТ, аъзои Шурои занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *