Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Хизмат шараф аст

   Дар толори ҷамоати деҳоти Пӯлотон бо иқдоми китобхонаи системаи марказонидашуда бо ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом чорабинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст!” бахшида ба 29-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   баргузор гардид. 

     Дар чорабинӣ масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, намояндагони ҷамоати деҳоти Пӯлотон ва китобхонаи марказӣ, бархе аз китобдорони фаъол ва сарбозе, ки хизмати ҳарбиро адо кардааст ширкат варзиданд. Хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии миёнаи умумии деҳот дар чорабинӣ фаъолона иштирок карда, шеъру суруд дар васфи Ватан ва Артиши миллӣ қироат карданд. Инчунин рақсу сурудхонӣ, навохтани таблаку доира пешкаши меҳмонон гардид. 

     Дар фарҷоми барнома раиси ҷамоати деҳоти Пӯлотон, муовини КИШ ҲХДТ, намояндаи китобхонаи марказӣ суханронӣ карда, ҷавонписаронро ба мардонагию далерӣ, ҳифзи марзу буми Ватан таклиф намуда, миннатдории хешро барои ташкилкунандагони чорабинӣ баён намуданд.

Суратгузориш дар ин самт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *