Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Хониши Сиёсӣ : Вазъи Геополитикии Ҷомеаи Муосир

Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба мавзӯъҳои гуногун ва андешаронӣ бобати он ин навбат бо иштироки кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи ” Вазъи геополитикии ҷомеаи муосир ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар доираи мавзуи болозикр муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова ҷиҳати пешгирӣ ва таъсири пайомадҳои манфии иттилоотӣ андешаронӣ намуд ва қайд кард,ки ҳар як масъули ҳизби мардумиро зарур аст,то байни сокинон вобаста ба вазъи ҷомеаи муосир корҳои тарғиботиро ҷоннок намоянд ва хонишҳои сиёсиро дар мавзуъҳои мухталиф роҳандозӣ намуда, афкори иштирокдоронро мавриди таҳлил қарор диҳанд.

Ҳамчунин чанде аз масъулин дар ин самт сухан ронда , андешаҳои муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ро тақвият бахшиданд.

Хонишҳои сиёсӣ оиди чунин мавзуъҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *