Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ХУДШИНОСӢ ВА ИСТИҚЛОЛ

  Ба ҷойгоҳи истиқлоли миллӣ ба сифати падидаи беназири таърихиву фарҳангӣ, рамзи асолату ҳувият ва нишонаи ҳзастиву бақои миллати тоҷик метавон назар кард. Замоне, ки Тоҷикистон ба истиқлоли миллӣ расид, замон бисёр мураккаб буд. Кашмакашҳои ҷанги бародаркушӣ дар он солҳои вазнину сангин ва нишебу фарози ин давраи таърихи тоҷикон аз ёди ҳеч кас фаромўш намешавад. Хушбахтона, ба мо имкон фароҳам омад, ки роҳу усулҳи боз ҳам мукаммали расидан ба зиндагии орому осудаву осоишта, тантанаи сулҳу ваҳдат, амнияти пойдор, камолоти ақлӣ, имкониятҳои беҳтари моддиву маънавӣ, фарҳанги волою фазилатҳои наҷиби ахлоқиро дарёбем. Имрўз вазъи ҷаҳони муосир водор мекунад, ки мо аз ҳарвақта бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии таърихиву фарҳангӣ рӯ орем. Мо инро фаҳмидем, ки ҳувияти миллӣ, шуури таърихӣ ва худшиносии фарҳангӣ зиндагии аҳли миллатро устувор нигоҳ дошта, ба он рўҳу қувваи тоза мебахшид ва  Тоҷикистонро ба тамаддуни муосири ҷаҳон ворид месозад. Аз ин рў, дар раванди истиқлол яке аз дастовардҳои бузурги маънавӣ рўй овардан ба арзишҳои таърихӣ ва фарњангӣ мебошад. Ин арзишҳо миллати тоҷикро ба иттиҳод оварда, сулҳу ваҳдат, шукуфоӣ, осоиштагӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро осон менамояд.

   Мо аз саҳифањои дурахшони гузашта бояд фаровон сабақ бардорем, муборизаи халқи тоҷикро барои ҳифзу таҳкими давлатдорӣ ва истиқлол дар ёд дошта бошем ва инро низ бояд хуб донем, ки сарфи назар кардани ҳофизаи таърихӣ ва муносибати саҳлангарона ба таърих ва арзишҳои миллат оқибат ба пастрафти давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ меоварад. Вақте таърихи миллат ва давлат аз хотир зудуда шуда, ҳисси ифтихори милливу ватандўстӣ коҳиш ёфт, душманони миллати тоҷик ба васлиаи тарғиби таълимоти беарзиш, фитнаангез, ҷудоиандозонандаи мазҳабиву динӣ мардуми аз лиҳози сиёсӣ камтаҷрибаро ба кашмакашҳои хавфнок ва муноқишаҳои харобкорона мекашонанд ва он мавҷудияти тоҷикон ва давлати тозабунёди соҳибистиқлоли ононро зери хатар мегузорад.

    Ба фикри мо дар замони имрўза бояд проблемаҳои таърихи миллат ва давлат, роҳҳои халосӣ аз бегонапарастӣ ва тақлиди кўр-кўрона бар расму оине, ки ба миллати тоҷик иртиботе надоранд ва ҳамзамон монеае ҷиддӣ дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлоланд, таҳлил ва ҳаллу фасл шаванд. Ин назари Пешвои миллат ва бунёдгузори сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дуруст аст, ки “дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеша намоем ва давлати  воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро бунёд созем”.

 Истиқлол шаъну шарафи ҳар яки мо – ватанпарварон ва ифтихор аз давлату миллат ормони ҳар шаҳрванд дар роҳи худогоҳию худшиносӣ мебошад ва ифтихори миллӣ ормони ҳар фарди худшиносу худогоҳ аст. Барои расидан ба қадри таърих, фарҳанг, забон ва адабиёт анъана ва арзишҳои фарҳангиро бояд арҷ гузошт.

  Дар замони истиқлол таваҷҷуҳ ба таърих, махсусияти рўҳи милливу фарҳангӣ афзуд. Ҳар намояндаи миллат дар ҷустуҷўи сарнавишти худ аз таърихи аҷдод ва зиндагии шахсиятҳо омўзанд. Аз ин рў, гузаштаи халқ, мероси бойи таърихӣ, решаҳои таърихию фарҳангӣ,  анъана, маросимҳо ва расму оин боиси таваҷҷуҳи ҳамагон мебошад. Халқ то замоне зинда аст, ки хотироти таърихиву фарҳангиаш зинда бошад ва забону расму оинашро гум накунад.  Эътиқод ба таърих ва фарҳанги оламшумулаши тоҷик, арҷ гузоштан ба офарандагони арзишҳои фарҳангӣ аз рў овардан ва умед бастан ба ҳама гуна таълимоти бегонаи динӣ воло ва арзишманд мебошад. 

   Бояд ба забон, таърих ва фарҳанги худ арҷ гузошт ва ҳамчун дастур сармашқи зиндагӣ ва кору пайкори худ гардонид. Ин матлаб ҳар фарди тоҷикро барои донистан ва дарки ҳақиқати таърихӣ вомедорад. Дониш моро баҳри ин амал такон мебахшад. Донистани таъриху фарҳанг ва арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат моро аз ҳар буҳрон мераҳонад. 

Дар ҳоле ба худшиносӣ хоҳем расид, ки таърихро бо дастовардҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ғанӣ гардонем. Инсон бо рафтор, тарзи  ҳаёт ва кору пайкораш худшинос аст. Ба гуфтаи Пешвои миллат сарчашмаи асосии худшиносии миллӣ дўст доштан ва рў овардан ба гузаштаи халқи худ, ҳфз  ва инкишофи мероси маънавии ниёгон мебошад.

    Ин маънии омўзиш ва нусхабардории хушку холии таъриху фарҳанг нест. Таърих дар нусхаи асл бояд омўхта ва аз он сабақ бардошта шавад, иштибоҳоти гузашта набояд такрор ёбад. Таърих такрорнопазир аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *