Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ХУД ВА АТРОФИЁНРО ҲИФЗ НАМОЕД

Бо мақсади пешгирии хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар бозори марказии шаҳр бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Бахши ҷавонон ва варзиш, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим аксияи навбатии тарғиботӣ таҳти унвони “Худ ва атрофиёнро ҳифз намоед!” ба роҳ монда шуд. Зимни аксияи мазкур бо истифода аз баландгӯяк доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, аз мардум даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани солимии худ ва наздикону пайвандон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҷиддан ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд ва дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои бемории мазкур ба мутахассисони соҳа муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, дар ин самт ба мардум маводҳои тарғиботиву варақаҳои ахборотӣ тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *