Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ХУШУНАТ ДАР ОИЛА – ШАҲОДАТИ НОСОЛИМИИ ОН (Андеша)

Оила аз ишқ мегирад бақо,
Оила аз сидқ меёбад сафо.

Зиндагӣ силсилаест,ки қофилаи таърихро сӯи абадият ҳидоят намуда,ҳар лаҳзаеро барои ҳастӣ гуворотар месозад. Дар ин сарбаландӣ нақши оила хеле барҷаста буда,оилаи хуб ин бунёдгари ҷомеаи мутараққӣ маҳсуб меёбад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз соли 2013 инҷониб мавриди амал қарор дорад. Ҳадаф ва мақсади қонуни мазкур  танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ошкор ва бартарафсозии ҳолатҳои хушунатбори оила мебошад. Пешгирӣ нисбати хушунату зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат қарор дорад.
Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар оила имрӯзҳо ба шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Аз ҷумла бештари ҳолатҳои хушунатбори оилавӣ ин таҳдиду зӯроварии мардон нисбати ҳамсарони худ, хушунати падару бародар нисбати духтарон хоҳарони худ ва дар бисёр маврид хушунат ва бадбинии хушдоман нисбати келинҳои худ мебошад, ки боиси вайроншавии оилаҳо мегардад. Инчунин дигар сабаби вайроншавии оилаҳо дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва ҳаёти мустақилона, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои маънавии хеш, паст будани одобу муошират ва босабру таҳаммулпазир набудан дар зиндагӣ мебошад.
Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зану фарзанд ва аъзои заифи оила ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст, ки бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро нисбати зану фарзанди худ раво мебинанд ва ҳатто дар назди пайвандон ба якдигар суханҳои қабеҳона мегуянд, ки ин куллан норавост ва ин оила аз ҷиҳати маънавӣ оилаи солим набуда, дар оянда низ таъсири бади худро болои фарзанд хоҳад гузошт. Баръакс ин мард вазифадор аст, ки иззату эҳтиромро дар оила ҷорӣ намояд, ба фарзандон шароитҳои лозимаро муҳайё намуда , оилаи солим бунёд созад.
Хушунату зӯроварӣ дар оила фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад. Ҳол он, ки оилаи солим дар заминаи муҳаббату эҳтироми дуҷонибаи аҳли хонавода бунёд меёбад.
Бигзор иттифоқу ҳамдилӣ , меҳру муҳаббати самимӣ ва фазои комили хушбахтӣ дар байни ҳар оилаи тоҷик барқарору устувор бошад.
Зеро:
Оила пайванди инсон бо Ватан,
Оила пайванди имон бо Худо.

Фируза Шерматова
Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *