Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ – БАДЕӢ ТАҲТИ УНВОНИ ” ЗО – СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Дар доираи роҳандозии чорабиниҳои сиёсиву адабӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ин навбат чорабинии фарҳангӣ дар муассисаи таълимии рақами 24-и шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Сараввал сарвари муассиса меҳмононро муаррифӣ намуд. Аз ҷониби устодон ва хонандагон баромадҳои пурмуҳтаво ироа гардида, аҳамияти таърихии иҷлосияро баён доштанд.

Сипас, дар қисмати адабӣ хонандагон бо суруду дигар бахшҳои дилнишин баромад намуданд, ки ба чорабинӣ ҳусни дигаре зам намуд. Зимни баромад хонандагон аз санаҳои таърихӣ, ки дар ҳаёти халқи тоҷик нақши муайяне доштанд, баромад намуда, баҳри халқ арзиш доштани ин санаҳои муҳимро мисол оварданд. Дар фарҷом муовини раиси КИ ҲХДТ дар шахри Конибодом Фирӯза Шерматова меҳмононро бо 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва рӯзи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба 15 нафар омузгорони ҷавон шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *