Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: “Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сулҳовар ва ваҳдатсоз дар таърихи навини миллати тоҷик”

Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ба номи Исмоили Сомонӣ- коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сулҳовар ва ваҳдатсоз дар таърихи навини миллати тоҷик” баргузор гардид.

Даставвал раиси ташкилоти ибтидоӣ Ирматова З.С. роҷеъ ба шахсияти бузург, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, қайд карданд, ки хизматҳои ин инсони шинохта дар назди халқу ватан ва берун аз мамолик хеле волову арзишманд аст. Мудири китобхона Ниёзматова Р.М. дар мавзӯи “Асосгузори Тоҷикистони мустақил”, донишҷӯи курси 3 Назирова М. дар мавзӯи “Ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, сармутахассиси бахши бақайдгирӣ Мадалиева Н., Дар мавзӯи “Ман ба шумо сулҳ меоварам” бо истифода аз слайдҳо ва декани факултет Қодиров А. дар мавзӯи “Шакли идораи Президентӣ дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфторҳо дар васфи Пешвои миллат қироат гардиданд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *