Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мақола

КОНИБОДОМ: ЁДЕ АЗ КОРНОМАИ ПАДАРИ ШУҶОЪ

(БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ) Иди Ғалаба яке аз ҷашнҳои бузург ба ҳисоб рафта, онро чун рузи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ таҷлил менамоянд. Ин руз рузи гиромидошти 300 ҳазор ҳамдиёронамон, ки дар ин ҷанг иштирок намудаанд ва рузи посдории 55 миллион қурбониҳои ҷанги даҳшатноктарини воқеахои асри XX мебошад. Осори ин ҷанги хонумонсузи соли 1941-1945 дар ҳар як хонадони тоҷик ба мушохида мерасад. Аз шаҳри Конибодом низ садҳо нафар ҷавонони далеру гаюр ба ҳимояи Ватан ба майдони набард рафтанд. Яке аз ин мардони шучоъ ва ватандуст падари хонадони мо- Исоев Юсуфчон мебошанд. Ин марди шариф зодаи Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом буда, солҳои 1932-1941 дар мактаб-интернати шаҳрӣ бо ахлоқи намунаву хониши аъло тахсил намудааст. Соли 1942 дар синни 18-солагӣ ба хизмати Ватан даъват карда шуда, то соли 1947 хизмати Модар-Ватанро идома дод. Хоҳараш устоди пахта, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва ҷанг дар ақибгоҳ Исоева Адолат масъулияти оиларо бар душ гирифта, бародарашро дастгирӣ намуд. Исоев Юсуфҷон дар қатори ҳазорон нафар фарзандони халқҳои Шуравӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ба ҷанг меравад. Исоев Юсуфҷон дар қисми ҳаракаткунандаи ҷангии 202-юм корпуси танкӣ, бригадаи танкии фронти сеюми Украина бар зидди фашистони истилогар ҷасурона ҷангид. Дар озод кардани Украина, Белорусия, Полша, Германия иштирок намуда, иди Ғалабаро дар остонаи шаҳри Берлин ба даст овард. Ҷавони нотарсу ҷасур фарсахҳо дур аз зодгоху пайвандон дар майдони набард ба муқобили душман мубориза бурдааст. Барои шуҷоат ва мардонагӣ бо 18-ордену медалҳо мукофотонида шудааст, ки дар байни онҳо барои гирифтани Кенигсберг низ мебошад, ки аз Тоҷикистон 4 нафар сазовори чунин мукофот гардидаанд. Фаъолияти меҳнатиаш дар соҳаҳои гуногуни кишварамон дар ҳайси роҳбарии чандин ташкилоту муассисаҳо қобили қайд аст. Дар арафаи ҷашни 79-солагии Иди Ғалаба бар фашистони истилогар ин марди майдон ва Падари азизу бузургворамон Исоев Юсуфчонро ба хотир овардан барои мо фарзандон, наберагону аберагон ва дустони хонадонамон шарафи бузург аст. Шараф ба шуҷоату қаҳрамонии чунин падарони дар роҳи озодӣ заҳматкашида. Шараф ! Шараф! Шараф!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *