Рубрики
Uncategorized

Конибодом : “Ёди Адибони Ҷанговар”

    Чунин унвон дошт маҳфили адабӣ –бадеӣ, ки тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар арафаи “ Ҳафтаи поси хотир” ба ифтихори  77-солагии иди Ғалаба дар китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр роҳандозӣ гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова, Раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилали шаҳр Қосимов Орифҷон, масъулини китобхонаи марказии шаҳр, омузгорону хонандагон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “ Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

     Дар оғоз муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳр Фирӯза Шерматова ҳадафи баргузории чорабиниро ҷиҳати арҷгузорӣ ба меросу қаҳрамониҳои гузаштагон, пос доштан ва хизмат намудан ба ин марзу бум ва бад-ин васила эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва хештаншиносиву худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуд.

    Хонандагон дар бораи ҳаёту фаъолият ва ба майдони ҷанг қадам гузоштани адабони ҷанговар, аз қабили: Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улугзода , Ҳаким Карим ва бисёр дигарон маълумотҳои муфассал дода,  ҳаёти ондавраи онҳоро умре дар мубориза бо силоҳу қалам баён доштанд. Лаҳзаи мусиқӣ аз тарафи шогирдони мактаби санъати бачагонаи шаҳр табъи ҳозиринро болида намуд. Масъулин аз қаҳрамониҳои падарону бобоён нақлҳо намуда, ҳамчунин хонандагонро ба китобхониву китобдустӣ ва эҳтиром ба хизматҳои абармардони майдони ҷанг даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *