Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Ҳар зарраи хоки ватан азиз аст

    МАҚОЛА: Монеъгии гуруҳи панҷоҳнафараи сокинони деҳаи Оксои вилояти Бодканд дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло ба ронанда – шаҳрванди тоҷикистонӣ зимни регкашонӣ бо автомашинаи “Портер” боиси муноқишаи ахири наздимарзӣ шуд, ки шоми 27-уми январ сар зад. Мутаассифрна, пас аз ин амал ҳамсоякишвар аз силоҳ сӯи мардуми осоишта оташ кушоданд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои алоҳидаи ҳарбӣ ва парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мушоҳида расидааст. Бар асари оташфишонӣ даҳ нафар сокинону низомиёни марзи Тоҷикистон ҷароҳат бардошта, мошини “Ёрии таъҷилӣ” барои ифоаи вазифа оҷилан вориди майдони ҷанг шуд. Аммо мошин мавриди гулӯлаборони нохалафони қирғиз қарор гирифта, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

     29 январ дар пайи гуфтушуниди раисони кумитаи давлатии амнияти ҳарду кишвар низоъҳо хотима ёфт. Боиси сар задани баҳсу муноқишаи наздимарзиро ҳамоно номуайянии аломатгузорӣ дар марзҳои муштарак арзёбӣ мекунанд, ки аз 980 километр танҳо 520 метраш мушаххас аст.

  Куҳансолони наздимарзии Қирғизистон, ки ҳаёти осоишта ба сар доштанду чун ҳамсояҳои қадрдон дар тӯю маъракаҳои ҳамдигар ширкат меварзиданд, дар як мактаб таҳсил дида, дар коргоҳҳо якҷо фаъолият мебурданд, аз ҷангҷӯиҳои насли имрӯзи кишварашон дилгир шудаву барои ба инсофу ҳамдигарфаҳмӣ даъват намудани ҷавонон бо мӯйсафедони деҳаҳои Хоҷаи Аълову Сомониён  суҳбат хостанд.

   Муноқишаҳои паёпай дар марз ба мо ҳушдорест, ки ҳамеша, дар ҳама ҳолат дар фикри ҳифзи ин Ватани маҳбуб бошем. Нагузорем, ки нокасу ноодаме ба зарраи хоки Ватани азизи мо чашм ало кунад. Ҳар гӯшаи ин сарзамин виҷдону номуси мост. Барои ҳифзи он бо тамоми ҳастӣ талош варзем, зеро ҳифзи ин марзу бум баробар ба ҳифозати модар аст.

 Матлуба Ҷӯраева

Омӯзгори Коллеҷи тиббӣ дар  шаҳри Конибодом,узви фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *