Рубрики
Uncategorized

Конибодом : “Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро …”

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай ҷиҳати иҷроиши барқияи #24-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 12 марти соли 2022 дар партави сиёсати халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ,Раиси ҲХДТ ,Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон ва вакилон аксияи вилоятӣ таҳти унвони “Ҳар ки хандонад ятими хастаро…” барои ятимони кулл ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил ва гузаронида шуд.Аксияи идона дар тарабхонаи “Муроду мақсад”-и шаҳр гирди дастархони пурнозу неъмат, бо иштироки муовини Раиси шаҳр Ғафурзода Зарринахон, Раиси КИШ ҲХДТ Бобоҷонзода Азимҷон Тоир, аҳли фарҳанги шаҳр баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳр ва Раиси КИШ ҲХДТ ҳозиринро бо фарорасии иди Наврӯз муборакбод намуда, ба кӯдакон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ туҳфаҳои идона (сару либос)ҳадя карда шуд. Чорабинии идона бо рақсу бозиҳо ва боиси хурсандии бачаҳо баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *