Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ МОСТ!

    Ҳифзи марзу бум барои ҳар як сокини Тоҷикистон муҳимтарину муқаддастарин амали созанда буда, аз ҳар як шахси ватандӯст ҳушёрӣ ва ҷасоратро тақозо мекунад. Сулҳу субот ва осоиштагии кишвар ба ҳифзи сарҳади он вобаста аст. Ҳамин аст, ки Артиши миллӣ яке аз асоситарин омилҳои ҳифз ва нигоҳдошти давлату миллат ба ҳисоб меравад.

  Ҳар сарзамине ҳаққи ҳамон миллате ҳаст, ки дар он зиндагӣ мекунад. Бояд ҳар як сокини он кишвар зодгоҳу Ватани худро ҳифз намояд. Барои ин аввал мо бояд Ватанамонро сидқан дуст дорем, зеро шахсе, ки сарзамини аҷдодиашро дуст медорад, аз хизмату ҳимояи он ҳеҷгоҳ руй намегардонад. Алалхусус барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷой ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ ва далериву ҷасуриро омӯхта, бадани худро обутоб медиҳанд ва муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватани хешро ёд мегиранд.

    Аз ҷавонони банангу ори кишварамон даъват ба амал меорем, ки аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ-дифоъ аз шарафу номуси Ватан, яъне хизмати модар-Ватан саркашӣ накунанд ва худро канора нагиранд. Зеро оромиву амният дар хонадони ҳар яки мо, хушбахтиву саодат дар Ватан, хандаҳои беғаши кудакон, нафаси осудаи падару модарони мо аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонони фарзонаи миллат вобастагии калон дорад. Мутмаинем, ки дар мавсими навбатии даъвати тирамоҳӣ довталабон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб гардида, нақшаи иҷроиши даъватшудагонро  бо сари баланд иҷро мекунанд, зеро ҳимояи меҳани худ барои ҳар фарди миллатдуст мояи ифтихор ва сарбаландӣ ба шумор меравад.

Муқимхонов Айюбҷон-

раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

 дар  МСД Пулотон-и шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *