Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ҲУНАРМАНД ҲАРҶО БУВАД САРФАРОЗ…

      Дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ аз ҷониби шӯъбаи Агентии давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳр бо роҳбарии  Шӯҳратҷон Ортиқов ташкилу баргузор карда шуд.

     Дар он 134 ҷойи кори доимӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои гуногуни шаҳрамон пешкаши корҷӯён гардонида шуд. Ҳамчунин маркази таълими калонсолон ва литсейю коллеҷҳо курсҳои касбомӯзии кӯтоҳмуддатро бо касбу ихтисосҳои мувофиқ ба замони муосир пешниҳоди ҷавонону касбомӯзон гардониданд.

     Тавре, Ш.Ортиқов маълумот дод, дар ярмарка 12 корхонаву идораҳо ҷойҳои холии кориашонро пешниҳод намуда, 6-нафар шаҳрвандони бекор барои кор дар соҳаи маориф ва ҶС “Бодом” роҳхат гирифтанд.

       Ҳамчунин дар шафати ярмарка озмуни ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, дар он  корҳои эҷодии сокинон, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои шаҳр, маҳсули дастони пурҳунари кӯдакон ва тахайюлоти рангини тарбиятгирандгони кӯдакистонҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, корҷӯён дар баробари пайдо кардани кор, инчунин аз намоиши ҳунарҳо ва маҳсулоти бо даст сохтаи ҳунармандон аз наздик шинос шуданд.

     Дар намоиш ва озмуни ҳунарҳои мардумӣ кулолгар Солеҳахон Раҳимова, адрасбоф Дилором Абдуллоева ва дар ҳунари гулдӯзӣ омӯзгори Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ Матлуба Ҷӯраева беҳтарин дониста шуданд. Ғолибон ва беҳтаринҳо дар даври вилоятии озмун ширкат хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *