Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти б номи Раҷаб Ҳамробоев доир гардид. Зимни мулоқот намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.Ҳамчунин, зимни мулоқот доир ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иқдомҳои саривақтии Пешвои миллат дар самти беҳтар намудани шароити зисти ҷавонон, бо таҳсил ва касбу кор фаро гирифтани ҷавонон ва ба варзишу тарзи ҳаёти солим ҳидоят сохтани ин нерӯи бузурги фардосоз ибрози афкор сурат гирифта, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоранд ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбари давлат барои рушду нумуи кишвар ҷидду ҷаҳд намоянд.
Рубрики