Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: ҶАВОНОН, МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар МТМУ №9 бо иштироки масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон, манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ” баргузор гардид. Чорабиниро муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Шерматова Фирӯза ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод ва ҷавононро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. Зимни суханронии худ Шерматова Фирӯза доир ба саҳми ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бисёр арзишманд арзёбӣ намуда, нақши ин қишри боэътимоди ҷомеаро аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин арзёбӣ намуд. Баъдан, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот ба сухан баромада, доир ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иқдомҳои саривақтии Пешвои миллат дар самти беҳтар намудани шароити зисти ҷавонон, бо таҳсил ва касбу кор фаро гирифтани ҷавонон ва ба варзишу тарзи ҳаёти солим ҳидоят сохтани ин нерӯи бузурги фардосоз ибрози афкор намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоранд ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбари давлат барои рушду нумуи кишвар ҷидду ҷаҳд намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *