Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ҶАВОНОН – НЕРӮИ БУЗУРГ БАҲРИ ПЕШРАФТИ ВАТАН!

  Мусаллам аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ мулоқотҳои судманд роҳандозӣ менамоянд.Ин навбат чунин мулоқот санаи 11.10.2022 дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №42 ва №54 – шаҳри Конибодом бо хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИШ ҲХДТ  Гулнора Урунова бобати тинҷию осудагии кишвар, дастовардҳои истиқлолият, оид ба фазои орому осудаи диёри азизамон андешаҳои худро баён дошта, ҷавононро ба роҳи ватандӯстию,хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу бум, ҳифзи кишвари озоди худ даъват карданд. 

   Инчунин бобати истифодаи тарзи дурусти технологияи иттиллотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сухан карда, қайд карданд, ки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир назар кунанд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника мо бояд онро самаранок, дуруст истифода баре

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *