Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар доираи накша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом баргузор гардид. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон чун нерӯи фардосози миллат ибрози ақида намуд.Ҳамчунин, дар мулоқот доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз, мубориза алайҳи падидаҳои манфӣ чун терроризму экстремизм ва муқовимат нишон додан дар амалишавии маромҳои нопоки душманони давлату миллат ибрози афкор сурат гирифта, дар ин радиф ҷавонон ба ҳушёрии сиёсӣ даъват карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *