Рубрики
Асосӣ

Конибодом: ҶАВОНОН ҲИМОЯТГАРОНИ МАРЗУ БУМИ АҶДОДӢ БОШАНД

    Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо масъалаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими мубрами рӯз гардида, фаъолони ҷомеаро тақозо менамояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷомеа ва бевосита бо падару модарони ҷавонони синни даъватӣ дар маҳалҳо бо усули “Хона ба хона” ҷоннок намоянд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом чун ниҳоди идеологӣ бо халқ ва байни мардум буда, барои натиҷаҳои дилхоҳ додани маъракаи муҳими даъвати баҳоронаи ҷавонон андешаҳои судманд роҳандозӣ мекунад. Вобаста ба ин самт санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т, Раиси шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Ғаниев Н, сархатиби масҷиди ҷомеа Аброров А бо аҳли ҷамоатчигии деҳаҳои Диловарон ва Ҳисораки ҷамоати деҳоти ба номи Ортиқов вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни мулоқоти мазкур масъулин бо волидайни бархе аз даъватшавандагони даъвати баҳорона суҳбат ороста, аз онҳо бобати шукргузорӣ ба сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, расидан ба қадри тинҷиву оромӣ , тоза ва ободу сарсабз гардонидани маҳал, тарбияи хуби насли ҷавон даъват ба амал оварданд. Ҳамчунин аз нооромии ҳамсоякишварҳои ҷангзада мисолҳо оварда, ҳимояи марзу буми аҷдодиро қарзи ҳар як фарзанди худогоҳу ватандӯст шумориданд. Сокинони деҳот дар фарҷоми суҳбат бо суолу дархостҳои худ муроҷиат намуда, маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *