Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ БОЙГОНИИ ДАВЛАТӢ

Санаи 18-уми июн дар идомаи рафти Маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Филиали бойгонии давлатии шаҳри Конибодом баргузор гардид.

Дар Маҷлиси ҳисоботӣ зимни масъалаи якуми рӯзнома Раиси  ташкилоти ибтидоӣ Эргашов Хуршед доир ба фаъолияти дуюнимсолаи ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Эргашов Хуршед дубора Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Дар фарҷом мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро мусбат арзёбӣ намуд ва баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд дод. Намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар идомаи сухани худ доир ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва бахшида ба ҷашни 24- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, ибрози назар намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *