Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Конститутсия – санади сарнавиштсоз

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бахтномаи миллати тоҷик аст, чунки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар фарди тоҷикро новобаста аз мансабу вазифа кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози боадалатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шахс яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад. Зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст. Бо кушишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи он амал намояд. Аз ин лиҳоз ҳамасола 6 – ноябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи қабули Конситутсия ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии “Фурӯзон”аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳуҷанд коференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Конститутсия – санади сарнавиштсоз” баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, роҳбари дастгоҳи раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, устоди Донишгоҳи Ҳуқуқ Бизнес ва Сиёсати Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Олимҷон Темуров, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров нимзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳимҷон Ҷабборов ва фаъолони ҳизб, барқароркунандагони сохти конситутсионӣ ва ҷавонон иштирок доштанд. Конфронсро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф дар дар баромади худ чунин қайд намуд, ки якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ ифодагари эътирофи Ҳукумати қонуниро дорад, ки худ нишонаи мафкураи баланди сиёсии мардуми тоҷикро инъикос менамояд.Рисолати таърихии Конститутсияи нави Тоҷикистон ин фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, бартараф намудани оқибати кашмакашҳои дохилӣ, таъмини ваҳдати Миллӣ, барқарор намудани хоҷагии халқи харобгашта таъмини фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмиллалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Фирдавс Салимов табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба муносибати Рӯзи қабули Конситутсия ба ҳамагон расонид ва худ зикр намуд, ки мо бояд ба қадри давлати тинҷу ором ва ободу дилрабои хеш расида бошем. То метавонем, баҳри пешрафт ва тарққиёти Тоҷикистони маҳбубамон саҳмгузор гардида, фарзандонамонро низ ба меҳанпарастию меҳнатдӯстӣ ва бунёдкориву ободкорӣ ҳидоят намоем.Ҳамчунин устоди ДДҲБСТ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Темурчон Орипов дар мавзӯи “Хусусиятҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров номзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳимчон Ҷабборов дар мавзӯи “Конститутсия – санади сарнавиштсози миллат” бо маърӯзаи худ баромад карданд. Дар ҷамъбасти конфронси илмӣ – амалӣ ба якчанд ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида, инчунин ба фаъолони барқароркунандагони сохти конститутсионӣ тӯҳфҳои хотиравӣ аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *