Дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд Конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Ваҳдат саодати халқ аст!” бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, олимону устодон, адибон, фаъолони ҳизб, ҷавонон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуд. Мавсуф дар баромадаш аз ҷумла зикр дошт: “ Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат дар такя ба нерӯи хиради халқ аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки на танҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст”.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев номаи муборакбодии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонид. Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст, ки ин санаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.
Устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Набиев Ваҳҳоб Машрафович дар мавзуъи “Ваҳдати миллӣ – рамзи сарҷамъиву ягонагӣ”, номзади илмҳои педагогӣ, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Шарипов Абдуҳаким Шарипович – дар мавзуъи “Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ”, номзади илмҳои таърих Юлдошев Рустам Рӯзибойевич – таҳти унвони “Ваҳдат омили муҳими пешрафти кишвар” ва раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар бораи арзишҳои Ваҳдати миллӣ маъруза намуданд.
Дар идомаи кори конференсия чанд нафар аз фаъолону собиқадорони ҳизб бо медалҳои ҷашнӣ ва Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардида, ҷавонони қавииродаву меҳанпараст, ки нав ба узви ҲХДТ пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби “Шаҳодатномаи ҳизбӣ” гардиданд.
Дар фарҷоми конфренсия Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ҳамаи иштирокдорони конфренсия муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно намуд.