Рубрики
Uncategorized

Конференсияи илмӣ – фарҳангӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ

Санаи 17 марти соли 2021 тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия Конференсияи илмӣ – фарҳангӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст» бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор гардид.

Дар Конференсияи мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, мудири шуъбаи кор бор занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева Муяссара, собиқадорони ҳизб Назира Ғаффорӣ ва Маҷидзода Муҳаббат, ҷавонон ва бонувони фаъоли ҲХДТ, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, роҳбарони корхонаву ташкилот, аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар таклифшудагон иштирок намуданд.

Дар Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, собиқадорони ҳизб Назира Ғаффорӣ, Одинаев Раҷаб ва номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Қаюмова Феруза баромад намуданд.

Баромадкунандагон дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз ва аҳамияти он дар ҳаёти мардум, талоши заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ оммавигардонии ин ҷашни бузургӣ тоҷикон суханронӣ намуданд.

Ба ғайр аз ин дар наздиҚасри фарҳангии «Гулистон» намоиши ҳунарҳои мардумӣ, озмуни таомҳои миллӣ аз қабили ҳафт – син ва ҳафт -шин ва бозиҳои миллӣ дар байни наврасон баргузор гардид.

Ғолибони ин озмунҳо аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ТИ ҲХДТ “Фарҳанг” барномаи консертӣ намоиш дода шуда, дар он сурудҳо бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз, Ватан, ваҳдату истиқлолият иҷро карда шуданд.

         Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *