Рубрики
Асосӣ

КОНФЕРЕНСИЯ: 30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Санаи 11 ноябри соли равон бо иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва МИҲД-и вилояти Суғд дар муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ шахсиятҳои муътабар ва шинохтаи диёр – вакилони Иҷлосияи тақдирсоз, олимони варзида аз манотиқи гуногуни кишвар, докторони илм, профессорон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аҳли ҷамоатчигии вилояти Суғд, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру навоҳӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорон, аъзои фаъоли ҲХДТ, намояндагони занон ва ҷавонон, инчунин аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳузур доштанд.Конференсияро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷамъомадагонро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ бо ҷашнҳои миллии кишвар – 30 – умин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, зикр дошт, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад. Ҳамчунин, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоизода Зуфар Муртазохон аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва МИҲД-и вилоят оиди баргузор гардидани Аксияи “Албом -эстафета” таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» ёдовар шуда, баён дошт, ки Албом аз қасри Арбоб, ки оғозгоҳи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, сафари худро шурӯъ намуда, дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо гузаронидани силсилаи чорабиниҳои васеи сиёсӣ, оммавӣ, фарҳангӣ, илмӣ, варзишӣ ва мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардида, ба осорхонаи қасри таърихии “Арбоб” супорида мешавад. Ҳадаф аз баргузории аксияи “Албом-эстафета” ташвиқу тарғиби ғояҳои сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ ва тарғиби хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ба мақсадҳои гузоштаи худ ноил гаштем ва чорабинӣ дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ бо ҷалби теъдоди зиёди аъзоёни ҳизб, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор шуд. Дар кори Конференсия, инчунин, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир иштирок ва суханронӣ намуд ва доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз фикру ақидаҳои худро иброз намуд. Мавсуф салому паёми Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида таъкид дошт: Воқеан, вақте сухан дар бораи нодиртарин падидаи ҳаёти тоҷикон дар тӯли 30 соли охир меравад, симои абармарди арсаи сиёсат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қаҳрамони истиқлолият пеши назар ҷилвагар мешавад. Ба фаъолияти Президенти кишвар, ки бо ҷонибдории мардум панҷ маротиба ба ин маснади баланд интихоб шудаанд, назар андозем, фаъолияти бесобиқа ва шахси беназири кишвар аз мафҳуми «Президент» комилтар ба назар мерасад. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои ба кишвари аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил додани Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони равона сохтанд ва муваффақ гардиданд.Таърих гувоҳ аст, то ба имрӯз шояд ягон роҳбари аввали давлатҳо барои бозгашти гурезаҳои худ ин қадар заҳмат накашидааст ва таҷрибаи нодири сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунё шоистаи дастгирӣ гашт ва сиёсати давлатдориро ба кулли дигаргун намуд. Андешаҳои арзишманди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо, конфронсҳо, анҷуманҳо кишвари моро ба маҷрои осоишта бурд, тамаддуни пешрафта суннату оинҳои дорои ҷанбаҳои ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо аз нав эҳё гардадид ва оқибат Истиқлоли воқеи зуҳур ёфт, созандагӣ оғоз шуд. Дар кори Конференсия вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, профессор, мудири шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулманнон Саидов, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, профессор, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара Қозиён Шариф Қозӣ андешаҳои худро бобати Иҷлосияи тақдирсоз баён доштанд Дар баромадҳо таъкид гардид, ки агар имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо сулҳ пойдор аст, агар имрӯз сокинони мамлакат дар фазои ором зиндагӣ доранд, агар имрӯз хотири модари тоҷик барои фарзанд ва пайвандони худ осуда аст ва агар имрӯз кабӯтари сулҳ дар ҳар як оилаи тоҷик парафшон аст, ин ҳама дастовард аз баҳамоии мардум ва хидматҳои мондагори ҳадяи илоҳӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Таърих шахсияти як роҳбари содиқ, оқил, хирадманд ва фидоиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон шинохт, ки рафтору гуфтору кирдорашон намунаи ибрат ва пайравист. Дар фарҷоми кори Конференсия иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардида, чанд нафар барои таҳияи мақолаву баромадҳои беҳтарин бахшида ба Иҷлосияи XVI бо сипоснома сарфароз карда шуданд.Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, дар ёду хотироти иштирокчиён нақши муассир гузошт.Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар бахши якум таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори беназир ва сарвари беҳамтои давлату халқ” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар бахши дуюм таҳти унвони “Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-анҷумани саодати мардум” дар МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” наздики сад мақолаҳои илмӣ шунида шуданд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *