Рубрики
Асосӣ

КОРВОНИ УМЕД

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ Хадамоти фармоишии такси ,, АРЗОН” ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи  кӯдакон аксияи хайриявӣ таҳти унвони ,,Корвони умед” доир намуд. Дар ин рӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо шароити таълиму тарбияи бошандагони мактаб – интернати санатории рақами 40- и шаҳри Конибодом шинос шуда, барои хонандагони муассисаи мазкур чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Сипас 90 нафар хонандагони парваришгоҳро ба сайру истироҳати шаҳри Хуҷанд оварданд. Зимни мулоқоти самимӣ дар Муассисаи давлатӣ – истироҳатиии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бошандагони мактаб- интернатро бо Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз номи ҳизбиёни вилоят табрик гуфта баён дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакон пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  нисбати насли созанда бесобиқа аст. Баланд бардоштани ифтихори миллӣ, фарогирии ҳар чи бештари онҳо ба таълиму тарбия дар Барномаи ҲХДТ ҷойгоҳи хосса дорад. Махсусан ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, ятиму бесаробмонда ҳам давлат ва ҳизб таваҷҷӯҳи махсус доранд. Зеро онҳо фарзандони ин миллати саодатманд ҳастанд.

Дар идомаи аксия ба бошандагони парваришгоҳ ширинию дигар маводи хӯрданӣ тақдим карда шуд. Онҳо аз мавзеи таърихии боғ, марқад ва ҳавлии шоир ва муттафаккири бузурги шарқ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, дар ҳавои созу мусиқӣ рақсу шодӣ намуданд. Чорабинӣ то дергоҳ дар лавҳи хотиравии иштироккунандагон боқӣ хоҳад монд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *