Рубрики
Асосӣ

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛЛАИ “ЧОРЧАРОҒ” ва “РАЗЗОҚ”-И ШАҲРИ ХУҶАНД

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо  Мақомоти Иҷроияи  Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд оиди гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии амалҳои номалуб, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, фаҳмонидани қоидаҳои  буду бош дар дар давлатҳои хориҷ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар толори МТМУ№20 бо сокинони фаъоли маҳаллаи “Чорчароғ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур аъзои гуруҳи тарғиботӣ – ташвиқотии кумиҷроия шаҳр, устоди ДИС ДДТТ, профессор Абдумавлон Азимов, сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфӣ, сармуаллими кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ Иномҷон Ҳалимов ва директори МТМУ №20 Меҳринисо Халилова иштирок намуда, бобати масъалаҳои дар боло зикршуда суханронӣ намуданд.

 Ҳамзамон чунин вохӯрӣ дар маҳаллаи “Раззоқ” дар толори МТМУ №27 ҳамингуна вохӯрӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳр Эҳсон Исоев, дирктори МТМУ№27 Манзура Ёрматова ва раиси маҳаллаи номбурда Муртазоев М.С. бо ҷалби фаъолони маҳалла гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории  чунин вохӯриву мулоқотҳо байни мардум ин бедор кардани ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳанпарастӣ, ободкориву бунёдкорӣ дар гирду атрофи маҳалли зист, ҷалби ҷавонон ба сафи артиш, пешгирӣ намудани ҳаргуна корҳои ношоям байни наврасону ҷавонон ва бетарафӣ зоҳир накардан мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ҳамингуна вохӯриҳову мулоқотҳо тибқи нақша дар 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд  гузаронида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *