Рубрики
Uncategorized

КОРҲОИ ТАҚВИЯТИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ИДОМА ДОРАНД

Санаи 6 апрели соли равон , маъсулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо роҳбарии роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов аз участкаҳои интихоботӣ дидан намуда, бо маводҳои тарғиботии интихоботи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич” №24 шинос гаштанд. Дар доираи чорабиниҳо гурӯҳи кори аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқии Истаравшан” дидан намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои зарурӣ доданд. Инчунин аз самти фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Зарҳалол” дидан намуда, баҳри ба низом даровардани корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, қабул сифатнок ба сафи ҳизб, иҷрои Оиннома ва Барномаи ҳизбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *