Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар асоси қарори маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 26.04.2022, № 8 ва қарори маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аз 25.05.2022, №1 “Дар бораи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ- “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, корбарӣ намуда, обунаро ба нашрияҳои ҳизбӣ дар сатҳи зарурӣ ташкил намуд.
Боиси зикр аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон, фаъолони ҳизб маъракаи «Обуна-2023», аз рӯи нақша ба рӯзномаи «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» 100 (фисад) иҷро гардид.
Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон барои дастгирӣ дар ин маъракаи сиёсӣ ба кулли аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон изҳори сипосмандӣ намуд.