Рубрики
Uncategorized

КУМИТАИ ИҶРОИЯ ДЕҲҚОНӢ ҲАМ МЕКУНАД

                

Рӯзи кории раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз боздид аз ташкилоти ибтидоии  ҳизбии ҷамоати деҳоти Ёрӣ  ва хоҷагии ёрирасони Кумитаи иҷроия, ки ин ҷо ҷойгир аст, оғоз шуд.

          Ҷамоати деҳоти мазкур дорои заминҳои доманфарох буда, ин баҳор кишоварзон он ҷо ба даҳҳо гектар картошка, сабзавот, ғалла  кишт карда, ҳоло ба парвариши он машғуланд. Аъзоёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ин кор ба дигар кишоварзон намуна ҳастанд. Дар сӯҳбат бо раиси ҷамоати деҳот ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Фаридун Алимов сухан аз нақши ҳизбиён дар омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, дастгирии ташаббусҳои онҳо  бобати сохтмони иншооти гуногун рафт. Зимнан, бо ташаббуси фаъолони ҳизб дар ҷамоати деҳот ду пул ва майдончаи варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

          Хоҷагии ёрирасони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент низ дар ҳамин заминҳои доманфарохи Ёрӣ ҷойгир аст ва ин баҳор ҳизбиён он ҷо дар якуним гектар картошка шинонида, обу ғизодиҳии онро хуб ба роҳ мондаанд.  Аз ин замин ҳар сол ҳосили хуби картошка ва дигар зироат ба даст оварда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *