Рубрики
Uncategorized

Кумитаи иҷроия техникҳои наврасро қадршиносӣ кард

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи техникҳои наврасро қадршиносӣ намуд.

Озмун дар доираи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассисаи таҳсилоти иловагии № 1 бо иштироки ихтироъкорони ҷавони 13 муассисаи таълимӣ ва литсеи касбӣ- техникии шаҳр аз рӯи даҳ бахш баргузор шуд. Иштирокчиёни озмун корҳои худро дар бахшҳои радиокострукторӣ, авиамодел, киштиҳои оядаи кайҳонӣ, роботсозӣ, меъморӣ, автомодел, барномасозии компутарӣ, киштисозӣ ва ғайра ба ҳакамон пешниҳод намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ба ғолибони озмун-хонандагони МТМУ № 67,36 ва 33 тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, аз иштирокчиёни озмун даъват кард, ки ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ҷиддӣ машғул шаванд ва дар олипиадаҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ низ ғолиб оянд.

Ҳамчунин ғолибони бахшҳои озмун бо ифтихорномаю дипломи шӯъбаи маориф ва МТИ №1 сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *