Рубрики
Асосӣ Мақола

Кӯҳистони Мастчоҳ: Ваҳдат- кафили осоиши мардумон

Мақола: Дар миёни иду ҷашноварҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз ҷашнвораҳои муҳими  таърихӣ ин Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки ҳамасола дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин руйдоди таърихи ҳанӯз 25- сол пеш дар таърихи 27-июни соли 1997 иттифоқ афтод ва ба оташи ҷанги хонумонсӯзи тоҷикон оби сард рехту умеди миллатро барои зиндагӣ дар ин диёри пурфайзи аҷдоди зинда кард.  

То фаро расидани таҷлили 25-умин солгарди ҷашни муҳим ва таъирихи барои миллати тоҷик яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои башумор мондааст. Самараи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва баҳамоии миллати тоҷик буд, ки давлати ҷавони мо зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳилаи басо душвори таъирихӣ ё ба қавли дигар дар вартаи нобуди пас аз ҳазор соли барҳамхурии давлати Сомониён эҳё гардид. Яъне аз замони  ба ҳам омадани се шохаи муҳим ва ҳамдигарфаҳмии миллат зина ба зина давлати навини тоҷик рушд кард.  Ин ҳам бошад Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлолият. Ин се шоха аз зумраи неъматҳои бебаҳоеанд, ки на ҳар миллату давлат онҳоро ба осони ба даст меораду пос медорад. Сояи неъмати ваҳдату суботаст, ки давлати мо дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ ва 25-соли ҳамдигарфаҳмию ваҳдат ба дастовардҳое бузурге ноил шуд, ки чунин дастовардҳо дар 70-соли замони Шӯравӣ ба даст наомада буданд. Аз ҷиҳати ободонию бунёдкорӣ, кишоварзӣ, илму маориф, саноат ва дигар равандҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ба таври назаррас рушду тараққӣ кард.  Инак ҳамаи душвориҳо паси сар шудаву   ин созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 25-сола шуд.  Неъматҳои сулҳу ваҳдатва истиқлолият дар Тоҷикистон хеле зиёданд, ки наметавон онҳоро дар як матлаб ғунҷоиш дод, аммо мухтасаран таъкид бояд кард, ки фазои сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, озодӣ, таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳимояи марзи давлат аз газандҳои бегона, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ аз зумраи муҳмитарин дастовардҳои ваҳдати миллӣ мебошанд, ки имрӯз дар фазои мамлакат баръало эҳсос мешаванд. Аксар бузургсолон хуб дар ёд доранд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чи машаққатҳоеро паси сар кардаанд. Дар бисёр ҳолат бузургсолон мегуянд, ки насли зодаи истиқлол басо хушбахтанд. Зеро, дар замони даргириҳои дохилӣ ҳеҷ имконияти шароити зарури набуд ба ҷуз ваҳшату хиёнат. Аммо тимрӯз насли ҷавон дар фазои амну осоиш ба сар мебарад ва тамоми шароити зарури барои таълиму тадрису кор муҳайёст. Имрӯз дар бузургтарин шоҳроҳҳои кишвар нақбҳо боз шудааст, ки сокинони мамлкат дар тамоми фасли сол дур аз хатару хавф сафар мекунанд. Сар карда аз пайтахти кишвар то дурдасттарин шаҳру навоҳии мамлкат корҳои ободонию созандагию сомон гирифтааст, ки гуёи мардуми сулҳхоҳу раъиятпарварии Роҳбари он мебошад. Ваҳдат-кафили осоиши мардумон буда, илҳомбахши сулҳу дӯстӣ ва рафоқату ҳамдигарфаҳми мебошад. Дар баробари гуфтаҳои боло як нуқтаро зикр кардан ба мавридаст, ки 25-сола умри ваҳдати мо дар назди таърих чандон тулони нест, аммо номи ваҳдат ва рафтори ваҳдаофарандаи миллати тоҷик дар ин муддати начандон тулони дар назди таъриху миллати сайёра басо овозадору таърихӣ гаштааст. Кишвари мо дар як ҷанги басо пеҷ дар печу хунин бо мурури замон ва мудрияти дурусти Роҳбари давлат ба як кишҳвари амну ором ва ободу назаррабо табдил шуд. Ҳамин нигоҳу рафтори сулҳпарваронаи миллати тоҷик як мактаби сулҳро дар таърихи башарияти рақам зад , ки ҳатто имрӯз ҳам баъзе кишварҳои хориҷ аз ваҳдату ба ҳамойии миллати тоҷик ангушти ҳайрат газида, онро ҳамчун дарси сулҳу мактабӣ намуанавии ваҳдат унвон мекунанд. Дар баробари дастовардҳои дохили ташабуссҳои байналмиллали Тоҷикистон зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо шоистаи таҳсин мебошанд. Ба хусус ташаббусҳои мамлкати мо доир ба “Даҳсолаи байналмилаии амал об барои рушди устувор” ки диққати аҳли башарро ҷалб кардааст. Бо ҷои хулоса Ваҳдат- кафили осоиши мардумон, омили ба ҳамомадани миллату давлат ва равшаннамаои имрузу фардои дурахшон мебошад. Пояда бод Ваҳдатат Тоҷикистони азизам! .

        Ҳоҷизода Саидвоҳид

     Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  

    КИ ҲХДТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *