Рубрики
Uncategorized

Андеша: Дигар оқил будан маъни надорад

Назаре ба афроди худфурухта ва дуруғ-ифшокунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро фаъолияти гуруҳҳои террористию экстремистӣ сахт ба ташвиш  рӯ ба рӯ кардааст. Ин қабил афрод, ашхосе ҳастанд ки  бо истифода аз  номи дину мазҳаб мардумро ба гумроҳи кашонда ҳадафҳои нопоки худро болои мардум пиёда мекунанд. То андозае мафкураи ингуна афрод мағзшуи мешавад, ки аз доираи инсоиният берун ва ҳатто кирдореро амали месозанд, ки ҳайвон шояд чунин кирдорро анҷом надиҳад.   Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳамон ҳаводисе, ки дар Сурия як узви давдати худхондае бо номи ДИИШ чанд соли пеш анҷом дод. Он бадбахт дар ҳузури ом модарашро бераҳмона ба қатл расонид, ки шояд дар таърихи инсоят аз ин ҷинояти бадтар сабт нашуда бошад. Модаре, ки ӯро бо чӣ заҳмату машаққат ба воя расонид, умед дошт, ки дар пири асои дасти у мешавад бехабар аз он, ки ин нокас ба гулуяш кор мехалонад.

Ин бадбахтҳо бо номи дин ҳамагуна ҳадафҳои ифлосашонро анҷом медиҳанд.  Дар баробари ин боз гуруҳоое ва ё ашхоси алоҳидае, ба майдон омадаанд, ки аз дигар давлатҳо истода тариқи мафкурави ҷониби миллати худ сангар мепартоянд. Аз қабили чунин ашхос як шахс зодаи Тоҷикистон бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки хориҷ аз кишвари мо ба сар мебарад ва онҷо тариқи шабакаҳои иҷтимои ҷониби миллату давлати тоҷик муғризона ҳарф мезанад. У  худро шахси соҳимаърифт ва таҳлилгару равшанфикр ҳисобида, Роҳбарони сохторҳои воломақоми мамлкат ва ҳар минтақаи Тоҷикистонро ба қавли худаш таҳлил ва камбудиҳояшро ошкор мекунад. Ин бадабахти Муҳаммадиқбол садқаи номи зебо шавад, аз сиёсати ҳукумат аз Роҳбари давлат ва аз ашхоси воломақом мудом танқид карда фикр мекунад, ки бо ин кораш мардумро нисбати давлату ҳукумати имрӯза  сард мекунад. У бечораи бадбахт аз ҷаҳолату нодонияш бехабар аз онаст, ки мисли як лухтаке дар дасти кадом хоҷа садо баланд карда гаштаст, бехабар аз он, ки рӯзе он лухтак афтидан низ дорад. Аслан ҳарфҳое у тариқи шабакаҳои иҷтимои паҳн мекунад ягон асос надоранд. Ман намехоҳам  ҳар як ҳарфи уро алоҳида баён кунам ба ҳама маълум аз сиёсати ҳукумати имрӯза рози нест. Бошад, аммо худ ҷавоб диҳад, ки  агар равшанфикраст,  агар шахси одилу адолатхоҳ ҳаст, агар тавонманд  аст, то имрӯз барои миллату давлати худ чи кор кард?  

Магар ин шаъну шарафу обру аст, ки дар байни ҷаҳониён аз миллату давлати худ таҳқиру танқид кард. Магар ин соҳибмаърифати аст, ки як миллату давлати орому осударо мазлуму ҷангзадаву таҳқирзада ҷилва дод. Ба яқин чунин амал шоистагии хуб  надорад ва чунин кор ҳам кори як инсони оқилу фарзона нест.  Пас аз ин маълум мешавад, ки Муҳаммадиқбол як шахси худфурухтааст, ки барои чанд дирҳаме зери дари кадом хоҷа, маскан гирифтаву аз миллату давлат ва номуси худ интиқод мекунад.  Чун сухан дар бораи номус рафт нуқтае қобили зикраст, ки чунин афрод ҳеҷ номусу ор надоранд. Зеро агар шахсе муқаддасоти худро таҳқиру поймол кард ба яқин у аз нангу номус ва шаъну шараф ба фарсахҳо дурасту ботинаш саропо ғарқи кинаю адоват аст. Аз ин бар меояд, ки  Муҳаммадиқбол  як шағоле дар қиёфаи инсони аст ва чун худфурухтаасту барои дирҳаме таги дари кадом хоҷае ҳалқа задааст, маҷбураст, ки таконе хураду аз  чирки таги дасти хоҷааш нон хурад. Дар зимн ин бадбахт чун як лухтаки театри ҳаст, ки ҳарруз бояд барои хоҷааш саҳнасози кунад вагарна аз даргоҳ ронда хоҳад шуд. Инсон ва сухани инсон қадру қиммат дорад. Пас вақте ин худфурухтаи роҳгумзада қадру қимматаш мисли як саги посбони таги дар ҳаст, пас суханҳояш беарзиштар аз худаш хоҳад буд.  Миллати тоҷик алалхусус сокинони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз корнамоиҳо ва дастгириву ҳамғориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб огаҳи доранд ва ингуна сиёсати созандаро сидқан ҷонибдорӣ карда, инчунин  аз барои ҳифзу оромии миллату давлати Тоҷикистони азиз, дар зери сояи  Роҳбари давлат якҷову як маром ва устуворона кору зиндаги хоҳанд кард.

                                                    Саидвоҳид Ҳоҷизода

                                мудири шуъбаи                   

            таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ

                                      дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *