Ҳамасола санаи 9 уми сентябр дар кишвари азизи мо Тоҷикистон, санаи муҳими таърихи, ҷашни бошукуҳи миллӣ, Истиқлолияти давлатии ҷумҳури ҷашн гирифта, мешавад. Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муҳими таърихӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Истиқболи ин ҷашнвораи миллӣ имсол дар кишвар басо ҷолибу хотирмон таҷлил шуд.
Дар солҳои қабли иди Истиқлолият бо шодию нишот ҷашн гирифта мешуд, аммо имсол ба тавре ҷашн гирифта шуд, ки натанҳо сокинони кишвар ҳатто берун аз кишвари мо аз ҳамовози ва ҳамбастагии миллати тоҷик дасти ҳайрат газидаву чунин ваҳдати ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷикро ситоиш карданд.
Ҳануз се сол қабл ба истиқболи ин санаи муҳими таърихи дар асоси амру дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соросари мамлакат корҳои созандагию бунёдкории зиёде ба нақша гирифта шуд. Дар асоси ин тадбири созанда то фарорасии ҷашни 30 солагии Истиқлолият дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат иншоотҳои зиёди таъиноташон гуногун сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар давоми 30 соли соҳибихтиёрӣ кишвари мо дар зери сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ аз ҷумла ба расидан истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва дигар ҳадафҳои муҳмими созандагиро ба даст овард. Дар авоили ба даст овардани истиқлолияти давлати ба сари миллати тоҷик чи ҳаводис гузашт, касе нест ки огаҳӣ надошта бошад. Пас аз барқарори сулҳи тоҷикон дар соли 1997 оҳиста оҳиста миллат ва давлати тоҷик қомат рост карду зери Роҳбарии фарзанди сарсупурдаи миллат ба суи ояндаи дурахшон гомҳои устувор гузошт. Бубинед дар сиёсати Пешвои миллат маориф яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятнок дониста мешавад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлоли, ки дар бисоти давлат чизе набуд чунин як соҳаи бузургро тақвият додан кори содда набуд. Новобаста аз ин ҳолатҳое шуд ки кори таълиму тарбия дар хонаиҳои истиқоматии шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Албатта корҳои созандагию ободкорие дар зарфи си сол дар кишвар анҷом шуд дар як матлаб ғунҷоиш дода намешавад. Дар ин радиф бояд зикр кард, ки дар ин зафри си соли соҳибихтиёри натанҳо соҳаи маорифи кишвар, балки тамоми соҳаҳо рушд кардаву ба замон мутобиқ карда шуданд. Мисоли равшан имрӯз бубинед дар саросари мамлакат хонандагон дар муассисаҳои таълимии барҳаво дарс мехонанд. Дар шаҳру навоиҳии мамлакат кормандони сохторҳои гуногун дар биноҳои барҳавою замонавӣ машғули кори давлат мебошанд. Имрӯзҳо бо шарофатии Истиқлолият дар дурдастарин навоҳии кишвар вазъи зиндагии мардум беҳтар гардида, аксари мардум хонаҳои барҳавою замонави сохта ва сохта истодаанд. Илова бар ин дар баробари корҳои созандагию бунёдкори дар кишвар ва некуаҳволии мардум, Тоҷикистон дар арсаи байналмилали бо ташаббусҳо ва пешниҳодҳои ҷолиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун кишвари ташаббускору созанда, сулҳпарвару муттаҳид ва ру ба тараққи шинохта шуд.
Чун мо дар оғоз оиди таҷлили 30 солагии Истиқлолият ҳарф задем мехоҳам баён кунам, ки таҷлили ин сана дар мамлкат шеваи хос ва чанд шохаи муҳим дошт. Аввал ин ки корҳои ободоние ба истиқболи Истиқлолият дар зарфи се соли охир сурат гирифт, кишвари моро дар масири тараққиёт даҳҳо зина боло бурд. Агарчи кишвари мо 30 сола аст, корҳои асосии созандагии мамлакат аслан дар зарфи 10 солаи охир бештар ба субут расонида шуданд. Ҳамагон медонед, ки 10 солаи аввал барои ором кардани ҷанги шаҳрвандию ба даст овардани сулҳ сипари шуд, даҳаи дуюм барои некуаҳволии мардум ва даҳаи охир корҳои хеле бузурги созандагӣ сурат гирифт. Пас аз ин маълум мешавад, ки корҳои созандагии даҳсолаи охирии соҳибистиқлолии кишвари мо ба маротиб зиёдтар аз 70 соли собиқ ҳукумати Шӯравӣ мебошад. Аз ин бар меояд, ки истиқлолият басо неъмати бузург ва беназираст, ки агар ҳар мамлакате онро дошта бошад метавонад ба дилхоҳ мақсаду мароми хеш дар фурсати кутоҳ даст пайдо кунад. Дар баробари ин ҷашни Истиқлолият бо чорабаниҳои ҷолиб ва гузашти низомии бузург дар саросари мамлакат сурат гирифт. Дар шаҳри Душанбе ин ҷашвора бо гузашти низомии 30 ҳазор нафар афсарону сарбозони сохторҳои низомӣ доир шуд, ки дар он афсарони эҳтиёти донишҷуён ва бонувон низ шомил буданд ва дар ин гузашти низоми Пешвои миллат иштирок доштанд. Ин қадамзаниҳо як гузашти оддӣ набуд, балки гузаште буд, ки миллату давлати тоҷик бори дигар нишон дод, ки дар ҳама ҳолат дар канори ҳам дар паҳлуи ҳам ингуна устувору боварибахш ва дар як саф гомбардошта метавонад. Ингуна гушат, ки вобаста ба шароит дар саросари мамлкат доир карда шуд собит сохт, ки аз масъулини сохторҳои қудрати ва мансабдорон сар карда то оддитарин афроди мамлакат ба ин санаи таърихи ва ба ин неъмати бебаҳои Истиқлолият эҳтирому самимият доранд.
Дар охир як нуқтаро бояд таъкид кард, ки Истиқлолият неъмати бузургест, ки ҳар як миллату давлат бояд онро дошта бошад ва имрӯз дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки дар роҳи расидан ба ин неъмат ҳамарӯза қурбон мешаванд. Пас ҳар яки моро зарураст, ки ин неъмати бебаҳои таърихӣ яъне Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро пос доштаву дар канори Роҳбари созандаи хеш муттаҳид бошем.
Муборак ҷашни Истиқлоли миллат,
Муборак бахту ҳам иқболи миллат.
Муборак си баҳори шодмонӣ,
Муборак се даҳа иқболи миллат.
Ҳоҷизода Саидвоҳид
мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ