Рубрики
Асосӣ Мақола

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон

АНДЕША: Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнвораҳои миллӣ, 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсия ҷашн мегиранд. Зеро, 27 сол муқаддам санаи 6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар он ҳуқуқи озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаанд.

Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҷонибдорӣ бунёди давлатӣ демократию ҳуқуқбунёд ва бо роҳи  раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва сокинони мамлакат бо чунин тарҳу усул қабул намудани ин бахтномаи миллатро гувоҳанду хуб ҳам медонанд. Дар баробари ин Конститутсияи мамлакат санади олии ҳуқуқи буда, бо дарназардошти принсипҳои умумиэътирофшудаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таҳия шуда, дар он иродаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ифода гардидааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре дар боло зирк кардем ҷавобгу ба талабот ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таҳия гардидааст. Ҳаминаст, ки дар арсаи байналмилалӣ Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи санадҳои олии шафоф ва талабот ба меъёрҳои давлати демократи эътироф гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлоли ва аз рузи қабуди Конститусия се маротиба  тағйиру илова ба он ворид карда шуд, ки ҳадаф аз тағйири баъзе қонунгузори ин пеш аз ҳама баҳри шафоф ва одилона амал намудани қонунҳои пешбинишуда ва таҳким бахшидан ба раванди қонуни конститутсионӣ дар мамлакат дониста мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-боб ва 100 – модда иборат буда дар он баҳри таъмини ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими низоми ҳокимияти давлатӣ,  ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда дар мамлакат ба таври шафоф ва ҷавобгу ба меъёрҳои қонунҳои сатҳи байналмилалӣ дарҷ гардида, тайи 27-соласт, ки кишвари соҳибистиқлоли мо тоҷикон аз руи ин бахтнома амал менамояд.

        Ҳоҷизода С. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТдар Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *