Рубрики
Асосӣ Мақола

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Магасҳои партовгоҳ ё хоинони бадхоҳ

    (ё худ назаре ба  мухолифини бемантиқ)

Дар гузаштаву имрӯз собит шудааст, ки ҳар давлат дар баробари рушду нумуъ ва пешрафт ба худ мухолиф низ дорад. Ин мухолифатҳо ҳамеша ба зиёни ин ё он миллат анҷомидааст.  Яъне: боиси фалокат бадбахти ва хунрезиҳо гардидааст. (дар ин росто кишвари ҳамҷавори мо Афғонистон мисоли равшан мебошад.)

Тоҷикистони азизи мо, ки 30-сол пеш ва баъди ҳазорсол пошхӯрии давлати Сомониён  Истиқлолият ба даст овардааст,  рушду нумуъи хуб дорад. Алакай дар ин 30-сол зери Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба як кишвари амну рӯ ба тараққӣ шинохта шудааст. Аммо дар баробари ин чун гуфтем ҳар як давлат мухолифи худро низ дорад. Агар интиқодгарони дилхоҳ давлат дар қарни гузашта, бо мушаққат ҳарфи худро ба гуши мардум мерасониданд, вале имрӯз бо ба вуҷуд омадани шабакаҳои гуногуни иҷтимои як андоза роҳи ин магасҳои сари партовгоҳро осон кардааст.

Ҳамагон огаҳем, ки имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон вуҷуди гуруҳҳои ифрортиву худхоҳ зиёдшудаву осори ҷангу хушунати онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар баробари ин чанде аз аз зодагони кишвари мо низ бо ному гуруҳҳои мухталифи худашон дар хориҷа дар назди партовгоҳҳои хоҷагонашон чун магас давр задаву ҷониби зодгоҳи худ сангар мепартоянд.Масалан тариқи шабакаҳои иҷтимои аз ҷумла фейбук, ютюб ва дигар анвои шабакаҳои иҷтимои груҳи 24, Паёмони миллӣ, ва чанде дигар худро озодфикру озодандеш номида баҳри мафкураи мардумро вайрон кардан иттилооти дур ҳаҷқиқату бофтаро нашр мекунанд.  Онҳо гумон мекунанд, ки бо ин корашон чун ашхоси ватанпарасту миллатдӯст ҳастанд. Аммо мутаассифона ҳаргиз чунин нест. Зеро, онҳо ҳаргуна ҳаводиси Тоҷикистонро аз расонаҳои дидаву шунида ба шакли дигар ва таври маъқули худу хоҷагонашон нашр мекунанд. Ин нашркарданҳо як су бо ин кор обрӯи миллатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардоданд. Масалан паймони миллӣ, бо ин паймон ҳеҷ як афроди миллати тоҷик аҳд накардааст ва нахоҳад кард. Чи миллати тоҷик аз симои шумобарин хоҷапарастоногаҳинадорад ва ё фиреби Шуоморо боридигар бихурад. На ин хаёли хоми шумобарин магасҳои пртовгоҳ ҳаст, ки ҳамеша ғурросзада давр мезанед. Мо инро дигар паймони миллӣ не, балки “Паймони косалесон” ном мебарем.  Як изҳороти роҳбари паймони мазкур да наздики боз аз чеҳраи ғанҷу аҳримании инҳо парда бардошт.  Дар ютуб   оиди ҳаводиси марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори назар гуфтанд, ки гуё Тоҷикистон аз ҳамсоя кишвари худ ҳаросдорад, бинобар ин аз куштани шудани низомиёнаш аз ҷониби кишвари ҳамсоя коре намекунад- ба ҳамин мазмун наворе пахш кардаанд. Аслан шумобарин хоинҳоро чи мондаст ба миллату давлат. Тоҷикистон дар зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баҳри суботу оромии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро роҳандози кардааст. Тоҷикистон ба хотири эҳтиром ба разишҳои миллӣ, хулқу атвори ниёгон ва одоби ҳамсоядорӣ хештандори кардааст. Вагарна миллати тоҷик дар гузашти таърих ба хусус дар солҳои ҶБВ-солҳои 1941-45   аз ҳуввияти баланди миллӣ ва ватанпарастии хеш дарак додааст. Мо низ меросбарони ниёгони хеш ҳастем ва баҳри ватан боҳар қиммате, ки набошад истодагари хоҳем кард.  Дар ҳузури чандин гуруҳҳои мухолифу ба қавли худашон озодихоҳ дар хориҷа ҳамон саҳнаи тудаи пораи партовгоҳро монанд аст, ки дар баҳорон магасу ғӯрмагасҳои болои бо садои шевои хеш давр мезананд буда, вале ин чархиш абади нест. Дар навбати дигар ҳузури ин хоинони миллат дар дар назди хоҷагонашон чун филми бисёрсериягиро мемонад, ки бояд ҳаррӯз намоиш дода шавад.  Ҳамчунин рӯзе ин филм низ поён меёбад ё ба дили тамошобин мезанад ва сабти он дур андохта мешавад.  Далели ин гуфтаҳо инаст, ки ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар солҳои фаъолияташ дар кишвар чи қадар куштору хиёнат кард ва билохира думи ин курмушон соли 2015 дар кишвар қатъ шуд ва ру ба хоҷагонашон оварда ба хориҷа фирор карданд. Тайи чандсол бо иддаҳҳои хеш гуши ҷаҳонро кар карданд, ки моро дар кишвар ғайриқонуни  ронданд. Вале пояи дуруғ устувор нест, билохира ҷомеаи ҷаҳони дар масъалаи шумо низ сар даровард ва оҳиста оҳиста созмонҳои бузурги ҷаҳони симои аслии шумобарин ғурмагасҳоро шинохт ва қисме аз хоҷагон алъон сериолҳои шуморо тамошо дорад ва он рӯз дур нест, ки хаста мешаванду сабти шумо ва ҳатто аз сари  партовгоҳашон дур меандозанд.

Дар ин замина нуқтаи қобили таваҷҷуҳ инаст, ки бояд  ҳар фарди солим падару модарон дар маврииди истифодаи шабакаҳои иҷтимои ба фарзандон ба хусус ҷавонон аз эҳтиёт кор бигиранд ва корҳои фаҳмондидиҳиро ҷоннок намуда мафкураи фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.

                   КИ ҲХДТ  Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *