Санаи 15-декабри соли 2021 дар ҳудуди ҷамоату деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи “Мубориза ба падидаҳои номатлуби ҷомеа” ( ифротгароӣ, бегонапарастӣ, нашъамадӣ ва зидди коррупсия) ҷамъомаду вохӯриҳо доир карда шуд. Ба ҳамин минвол вохурие дар МТМУ 8-и деҳаи Ревомутк бо омӯзгорону хонандагони муассиса сурат гирифт, ки дар он Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Аҳмадзода Ҳотам, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Салимов Сафар мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳоҷизода Саидвоҳид ширкат доштанд. Дар ҷамъомад нахуст Аҳмадзода Ҳотам ба сухан баромада доир ба падидаҳои номатлуби ҷомеа муфассал суханрони намуд. Номбурда зимни суханрони иброз дошт, ки терроризму ифротгарои падидаҳои номатлубеанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ҳамарӯза дар сайёра кирдорҳои ношоистаеро алайҳи башарият анҷом медиҳанд. Сарчашмаи ин амалҳои нопок аз хурофотпарастию бегонапарасти маншаъ мегирад. Аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки аз чунин кирдорҳои номатлуб аз қабили ифротгароӣ, бегонапарастӣ, нашъмандӣ бар ҳазар бошанд. Сипас Салимов Сафар ба сухан баромада доир ба падидаи номатлуби дигар Коррупсия ва оқибатҳои бади он ибрози назар кард. Номбурда доир ба ин падидаи номатлуб ва қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи мубориза бо Коррупсия муфассал суханрони карда аз аҳли нишаст ва фаъолон даъват ба амал овард, ки дар кору фаъолият ҳаргиз ба чунин кори ношоиста даст назананд. Дар охир байни масъулин ва иштирокчиён баҳри пешгири аз амалҳои номатлуби ҷомеа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Рубрики
КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: РУЗИ ЯГОНАИ АХБОР БАРГУЗОР КАРДА ШУД
