Рубрики
Uncategorized

Макола: Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ўзбекистон модели муваффақ дар минтақа

  (перомуни ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёв ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Шурўъ аз соли 2016 дар пояи даҳаи сеюми соҳибихтиёрии худ кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон иқдомҳои созанда  дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба пас аз паси сар намудани давраҳои гуногун дар муноситҳои худ, рўи даст гирифта шуд, ки  ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои обу энергетика, иқтисодиёт, сармоягузориву нақлиёт, фарҳанг ва амнияти минтақавӣ барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии худ мусоидат хоҳад кард.

Шаклгирии муносибатҳо миёни ин ду кишвар ба нафъи ҳарду давлат буда, ҷиҳати татбиқ ва амалӣ намудани созишҳои дуҷониба кўмак хоҳад намуд. Таҳлилҳо дар солҳои охир нишон медиҳанд, ки аксари созишҳои дуҷониба амалӣ гардида, натиҷаи пурсамар низ ба бор оварда истодаанд. Ҳамзамон дар ин замина, аз нигоҳи ояндабинӣ метавон гуфт, ки дар ҳудуди 5 соли оянда иқдоми мазкур дар чунин шакл идома ёбад, муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон сифатан ва комилан дигар хоҳад шуд.

Бояд тазуккур дод, ки дар таърихи давлатдории муосири тоҷик сеюмин ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аввалин ташриф ба вилояти Суғд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни мулоқоти худ бо аҳли зиё дар Қасри таърихии Арбоб чунин қайд намуданд: «Имрўз мо шоҳиди руйдоди таърихӣ ҳастем, дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон бори аввал аст, ки роҳбари давлати ба мо ҳамсояи бародар Узбекистон ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ ташриф оварданд».

Ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ташрифҳои дигар дар сатҳи баланди қабули расмӣ буда, чорабиниҳои бо иштироки президентҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баргузор гардида, таваҷҷуҳи зиёди сокинони ду кишвар ва ҳамсоягонро низ ба худ ҷалб намуд. Зеро тамоми чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва гуманитарии баргузоргардида, то сафари раисиҷумҳури Узбекистон ва бо иштирокашон бозгўи расидан ба сатҳи баланди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд.

Вобаста ба заминаҳои муносибатҳои ду кушвар бояд тазаккур дод, ки шурўъ аз соли 2018 то ба имрўз санадҳои дуҷонибаи имзогардида, миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон ба таври бесобиқа зиёд гардида, танҳо дар соли 2018 шумори онҳо ҳудуди 54 санади байнидавлатӣ ва дар ин сафар шумори он 36 адад зикр гардид, ки аз тақвияти муносибатҳои неки ҳамсоягарӣ ва шарикии стратегӣ шаҳодат медиҳад. Бешубҳа дар ин падидаи мусбат нақши роҳбарони ҳар ду кишвар калидӣ буда, модели муваффақ барои минтақа аст.

Ҳамзамон, дар ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар як чанд масоил гуфта шуд, ки аз диди манфиатҳои миллии Тоҷикистон аз чи ҷиҳат муҳим аст арзёби мегардад:

Якум, рушди муносибатҳо дар соҳаи обу энергетика. Осиёи Марказӣ аз ҳисоби захирахо обӣ ҷиҳати таъмин бо оби ошомиданӣ ва полезӣ худкифо аст, вале бинобар сабаби куҳнаву фарсуда гардидани низоми обёрӣ, ки талафи аз ҳад зиёди об ба назар мерасид, тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон пеш омад, ки ҷиҳати бартарафт намудани мушкилотҳо ба густариши ҳамкориҳо бо баназар гирифтани манфиатҳои миллии ҳарду кишвар мусбӣ арёбӣ мегардад. Таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону Ўзбекистон дар соли 2020 ва Тоҷикистон Қазоқистон дар соли 2021 нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини об, ки падидаи мусбат аст, барои ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар омодаанд.

Дар самти рушди энергетика дар минтақа зарфияти кофӣ мавҷуд буда, қаблан миёни кишварҳо Осиёи Марказӣ ба таври зарурӣ ҳамкорҳо дар ин самт ба назар намерасид, вале рўз то рўз афзоиши талабот ба нерўи бақр ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳо, зарурияти тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон пеш овард ва дар ин замина ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки дар дарёи Зарафшон бунёди ду неругоҳи обиро бо ҷалби сармояи худӣ ва ниҳодҳои байналмилаии молиявӣ оғоз намоянд. Аз дидгоҳӣ захиравӣ бояд тазаккур дод, ки захираи энергетикии Тоҷикистон имкор дорад, ки кулли минтақаро бо барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намояд.

Дуюм, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи роҳ ва нақлиёт. Мавриди зикр аст, ки иқтидоми мазкур миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷумла байни Тоҷикистон ва Ўзбекистон саривақтӣ буда, ҷиҳати пешварти кишварҳо кўмак хоҳад кард. Зеро кишвар осиёи Марказӣ дур аз роҳҳои баҳрӣ буда, барои расидан ба бандарҳо кишварҳои ҳамдигарро тариқи роҳи заминӣ убур менамояд, ки дар гузашта аз ин нигоҳ низ дар ҳамчун обзори фишор аз ҷониби худи кишварҳои минтақа нисбат ба якдигар истифода мегардид. Таваҷҷуҳи хоса дар рафти сафар ба ин масъала низ зоҳир гардида, бунёди роҳи оҳан аз шаҳри Самарқанди Ўзбекистон то шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон, таъсиси заводҳои нақлиётбарорӣ бо сармоягузории ҳарду кишвар ва умуман дар оянда хатсайрҳо роҳи оҳани Душанбе – Тошкант, Душанбе – Самарқанд бисёр муҳиму саривакӣ барои имкони хуб барои рушди кишварҳост.

Сеюм, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ. Бояд тазаккур дод, ки гардиши савдои муштарак дар 5 соли охир то ҳадди $500 млн расида, ҳоло низ тасмим барои то $1 млрд гузошта шудааст, ки итминони комил аст, ки амалӣ гардад, зеро шароитҳои зарурӣ барои расидан ба ҳадафи муайян ба назар мерасад. Ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт икони хубест барои ба даст овардани фодаи хуб бо назардошти манфиатҳои миллии ҳарду кишвар. Дар умум барои тадбиқи барномаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Ўзбекистон нақши муҳим дошта, имконоти вориди нисбатан арзони молу маҳсулот аз ин кишвар аст. Ўзбекистон низ аз нигоҳи тразитӣ барои баромадан ба ҷанубу шарқ тариқи Тоҷикистон метавонад истифода намояд.

Чорум, тақвияти ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ва тақвияти рафту омади сокинон. Дар самти мазкур пешравиҳои ҷиддӣ дар 5 соли охир ба назар мерасад, зеро тамоми муносибатҳо барои содда ва оддӣ намудани рафту омади шаҳрвандо руи даст гирифта шудааст. Дар ин сафар низ вобаста ба буду боши беқайди шаҳрвандон  то 10 шабонарўз эълон гардид, ки қадамҳои ҷиддӣ барои тақвияти муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳост, ба хусус тақвияти самти фарҳангӣ ва гуманитарист.

Хулоса тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон имконоти хубест барои пешрати иқтисодии кишварҳо, бартараф намудани мушкилотҳо дар самти рафту омад ва буду боши шаҳрвандон, пешгирии таҳдиду хатарҳо ба минтақа аз нигоҳи амният, рушди соҳаи самоягузорӣ, фаргиву гуманитарӣ ва ғайраҳост.

МУЛЛОЕВ Мулломухтор

Корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бўстон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *