Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу бум қарзу фарзи шаҳрвандист”

Таҳти чунин унвон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” рӯзи 15 феврали соли ҷорӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти кумиҷроияи ноҳиявӣ, афсарону сарбозон ва як гурӯҳ хатмкунандагони макотиби ноҳия иштирок карданд.

Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба моҳияти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи пурифтихори Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сухан гуфт. Таъкид гардид, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди кишвар буда, хизмат дар сафҳои он ифтихори бузург ва қарзу фарзи ҷавонмардист.

Муродулло Почозода низ бо ёдоварӣ аз корнома ва қаҳрамониҳои фарзандони сарсупурдаи миллат Шераку Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва таҷрибаи давлатдориву мактаби сулҳофарини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро пайравони шоистаи онҳо ва Артиши миллиро мактаби беназири ҷавонмардӣ ва қаҳрамониву ҷасорат донист.

Хусрав Ашурзода, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ оид аҳамияти хизмати ҳарбӣ дар ҳаёти ҳар як ҷавонмард сухан гуфт.

Шеърҳои қироатнамудаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ саршор аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ буданд.

Сипас ба як гуруҳ афсарону сарбозон барои хизматҳои содиқона Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ тақдим гардид.

Шиносоии наврасону ҷавонон бо анвоъ ва тарзи дурусти истифодаи силоҳҳои ҷангӣ, хобгоҳу ошхона ва суҳбати самимонаи сарбозон ба онҳо таассуроти хуберо боқӣ гузошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *