Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: АЗ БАШОРАТИ СУЛҲ ТО НУСРАТУ СОЗАНДАГӢ

Ё худ нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар рушду пешрафти мамлакат

         Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар рушду пешрафти кишвар нақши калидӣ доранд. Доир ба ин мавзӯъ мақолаву гузоришҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ, инчунин адабию бадеӣ, ман дар назар дорам шеъру достонҳои зиёде низ эҷод шудаанд. Ба  андешаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро: “Яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ ироа намудани Паём аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

       Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Асосан, тибқи мафҳуми умумиэътирофшудаи Паёми Президент ба парламент – яке аз шаклҳои муҳими ҳамкории Сарвари давлат ва мақомоти намояндагии умумимиллӣ мебошад. Паём, тибқи қоида, ин ҳисоботи расмии солона, ки ба вазъи давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аст. Ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ин нафақат ҳуқуқ, балки уҳдадорӣ низ мебошад. Аслан, он аз ҷониби Президент шахсан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ (агар аз ду палата иборат бошад) баён мегардад, ки аксар вақт дар тамоми ҳудуди мамлакат тариқи расонаҳои хабарӣ пахш мешавад.”

       Ҳамин донишманд дар такя бо санадҳои илмӣ чунин хусусиятҳои Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз муқаррар карда афзудааст, ки: “Паёми Президент дорои якчанд хусусиятҳо мебошад:

     1. Ҳуҷҷати сиёсӣ – ҳуқуқие аст, ки ҳадафҳои афзалиятдошта ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, инчунин, хислати стратегӣ дорад (барои дурнамои наздик), ҳамзамон, мақсад вазифаҳо ва афзалияти сиёсати ҳуқуқиро муайян месозад.

       2. Ба маънои маҳдуд ин ахбороти Президент дар назди мақомоти олии қонунгузор – парламент, ба маънои васеъ – барои мақомоти дахлдори давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ, воситаи иттилоотонии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи дастовардҳо ва ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлат аст.

       3. Вобаста ба мазмун, ҳисоботи гуногунранги сиёсие аст, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.

       4. Шакли самараноки амалишавии ҳуқуқи Президент ба ташаббуси қонунгузорӣ аст, ки дар аксари ҳолат тавассути он асоснокии пешниҳоди қонунгузорӣ муайян мешавад.

       5. Гарчанде, ки  Паём меъёрҳои ҳуқуқӣ надошта бошад ҳам, он хислати меъёрӣ дорад, зеро барои мақомоти дахлдори давлатӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳо дорои аҳамияти умумиҳатмӣ аст.

      6. Ҳарчанд ин ҳуҷҷат санади меъёрӣ – ҳуқуқӣ нест ва дар қонун ба ин шакл муқаррар карда нашудааст, лекин вобаста ба мазмун (муайянсозии ҳадаф, вазифа, афзалиятҳо, чораҳои баррасӣ ва ҳал), аҳамият ва самти худ ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсати ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, ҳуҷҷати сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ аст (Камолов И.И. Система нормативно – правовых актов: проблемы теории и практики: монография. – Душанбе, 2015. – С. 3-63).”

             Воқеан, дар такя ба чунин хусусиятҳо ҳар як Паёми Пешвои муаззами миллат ҳуҷҷати раҳнамо ва саодатномаву нусратномаи фардои дурахшони мамлакат мебошад. Бинобар ин,  бо пешниҳоди ҳар як Паём  марҳилаи нави рушду пешрафти Тоҷикистони азиз оғоз мегардад. Зеро зимни ирои Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри далелу бурҳон ва рақамҳои дақиқу санҷидашуда ҳар як давраро ҷамъбаст ва вазифаву рисолати минбаъдаро мушаххас менамоянд. Барои исботи гуфтаҳо мо шарҳи мухтасари Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро, ки санаи 21.12.2021 ироа гардид ба мақсад мувофиқ медонем. Дар Паёми мазкур дастовардҳои як марҳилаи муҳими давлату давлатдории миллиамон – си соли даврони соҳибистиқлолии кишварро ҷамъбаст намуданд.

       Дар оғози Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд, ки: “даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.

     Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.”

         Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём аз нақши сарнавиштсози Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, барқарор шудани ҳокимияти қонунӣ, моҳияти қабули Конститутсияи мамлакат, рамзҳои давлатӣ, бунёди давлати соҳибихтиёру ягона, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Баъди ноил шудан ба сулҳу суботи сиёсӣ дар мамлакат, яъне аз оғози соли 2000-ум Тоҷикистон дар тамоми самтҳо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба дастоварду комёбиҳои бузург ноил гардид. Чуноне, ки аз Паём бармеояд “Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

        Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.

      Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Ҳол он ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

         Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст”.

       Маҳз ноил шудан ба дастовардҳои шоиста имкон фароҳам овард, ки буҷети давлатӣ ғанӣ гардида, сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла раванди афзоиши музди меҳнат таъмин карда шавад. Албатта, ҳамаи ин аз паёмҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад. Пас аз ироаи Паёми навбатӣ низ аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз ва аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шуд. Ин ғамхории бузурги навбатии Пешвои муаззами миллат барои сокинони мамлакат мебошад.

           Дар дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа аз ҷумла соҳаи маориф, тандурусӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика, роҳ, сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа низ дастоварду комёбиҳо ниҳоят зиёд мебошанд.

        Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар баробари зикр дастоварду комёбиҳо дар назди аҳли ҷомеа вобаста ба рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол як қатор вазифа ва дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд, ки муҳимтарини он таваҷҷуҳ ба пешрафти соҳаи маориф, эълони “Солҳои 2022-2026 –солҳои рушди саноат” ва вусъати раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки: “мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

        Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.

         Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.

          Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем.

        Таъкид месозам, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад”.

          Вақте ки мо доир ба нақшу моҳият ва таъсири Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша менамоем, ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ироаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2000 ҷараён пазируфт, бешубҳа аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад. Зеро маҳз дар ҳамин анҷумани саодати миллат, вақте ки Пешвои арзандаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб гардиданд, бо муҳимтарин паём, яъне “Ман ба Шумо сулҳ меорам” барои наҷоти Тоҷикистон саъю талоши қаҳрамононаи худро оғоз бахшиданд ва онро ба самар расониданд. Бинобар ин, ба таъкиди худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

          Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд.

          Агар ҳамаи дастовардҳои усулиамонро, ки аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегиранд, ҷамъбаст намоем, пас метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати ин санаи таърихӣ мо давлату миллатамонро аз вартаи нобудӣ, ки миллати тоҷик пас аз ҳазор сол ба он сарфароз гашта буд, наҷот дода, тамомияти арзии онро ҳамчун давлати ягона ҳифз кардем ва аркони асосии сиёсиву идорӣ ва давлатдории миллии худро эҳё намудем.

        Пас аз баргузории ин иҷлосияи таърихӣ миллати тоҷик бори дигар имкон пайдо намуд, ки дилпурона ва дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ шурӯъ намояд. Зеро истифодаи оқилонаи ин имконияти таърихӣ, заҳмати содиқона ва софдилона ба хотири ободии Ватани маҳбуби мо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

        Бо назардошти нақши Иҷлосияи шонздаҳум дар таърихи давлатдории муосири тоҷик ва таъсири файзбахшу пурравнақи Паёмҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки самараи татбиқи қарорҳои иҷлосияи мазкур мебошанд,  мову Шумо масъул ва вазифадор ҳастем, ки бо заҳмати софдилона ҳамеша баҳри ободии Ватан ва саодати рӯзгори худ саъю талош намоем. Ин беҳтарин хизмати мо ба халқу Ватан ва садоқати баланди мо ба Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд.

Муродулло ПОЧОЗОДА,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *