Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: Ба ифтихори 27-солагии ҲХДТ

МАҚОЛА: 10 декабри соли равон ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Тӯли ин солҳо, ки пеши таърих он қадар бисёр нест, Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба давлати ободу мутаррақӣ табдил ёфт, ки албатта самари сиёсати дурбинонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои ин ҳизби созанда мебошад. Дар ин маънӣ Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ (шаҳри Душанбе, 13 декабри соли 2019) чунин фармуданд: “Дар ин муддат, ҳизби мо ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чор вазифае, ки дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дошт, муваффақона баромад: якум – хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм – барқарор намудани сулҳу субот, сеюм – таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва чорум – ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон.” Дар солҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ, ки воқеан солҳои мушкил ва тақдирсоз буданд, ноил шудани ҳизб ба чунин дастоварди бузургу беназир, ки дигар ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ онро ҳатто орзӯ ҳам кардан наметавонистанд, тавонист обрӯ ва нуфузи ҳизби моро дар ҷомеа бештар намояд.

Омили дигари дар як муддати кӯтоҳ обрӯ ва нуфуз пайдо кардани ҲХДТ аз нигоҳи Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ ин аст, ки “ҳизб ҳамчун қисми таркибӣ ва муҳити низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. “ Маҳз “такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзоёнаш” намудани ҲХДТ худ гувоҳи он аст, ки:

1. ҲХДТ ҳизби воқеан ҳам мардумӣ аст;

2. Манфиатҳои ҳизбӣ бо манофеи миллӣ ва давлатӣ на танҳо муқобил нестанд, балки ҳамдигарро комилтар мекунанд;

3. ҲХДТ дорои нерӯи пурқуввати зеҳнӣ ва аъзои масъулиятшинос аст;

4. Ҳар як узви ҲХДТ аз саҳм гузоштан дар пешрафту ободии ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ифтихор мекунад;

Аз ин ҷост, ки сафи аъзои ҲХДТ рӯз то рӯз бештар гардида, ҳизби мо “мардумро ба сӯи фардои дурахшони Ватан ва бахту саодати абадӣ раҳнамун мекунад.” (Нурулло Оқилзода).

Дар ноҳияи Мастчоҳ кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо қарори Пленуми ташкилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 23 июни соли 1998 таъсис дода шудааст. Ин қарор, ки дар он имзои раисикунандаи ҷаласа, собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ Саидҳаким Боқиев гузошта шудааст, имрӯз ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати таърихӣ дар бойгонии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ нигоҳдорӣ шуда, нусхаи он дар маҷмӯаи “Роҳи субот”, ки аз таърихи таъсис ва фаъолияти кумиҷроя нақл мекунад, нашр гардидааст.

Дар қарори мазкур гуфта мешавад, ки аз 25 нафар вакилони интихобшуда дар кори Пленум 21 нафар иштирок намуда, ҳайати корӣ (раёсат)-ро иборат аз шахсони зерин интихоб кардаанд:

1.Боқиев С.О. – раиси ноҳия.

2. Абдуназаров Х. – мушовири Президент.

3. Ҷалилов А.Р. – раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд.

4. Ахмедбеков – мудири шуъбаи ҳукумати вилоят.

5. Ҳусейнов С. – раиси кумитаи варзиши ноҳия.

Дар Пленум асосан ду масъала – таъсиси ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва интихоби ҳайати кумиҷроияи ноҳиявӣ баррасӣ мешавад. Тибқи рӯзномаи ҷаласа шодравон Ҷалилов А.Р. оид ба мақсаду мароми ҲХДТ ва Оинномаву Барномаи ҳизб маълумот медиҳад. Дар ин ҷо як нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки шодравон Анвар Ҷалилов нахустин раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд буда, барои дар шимоли кишвар густариш бахшидани нуфузи ҳизб ва баланд бардоштани обрӯи он хизматҳои шоиста кардааст. Марҳум то охири умр ҳамчун мушовири кумиҷроияи вилоятӣ мо, кормандони ҷавони ҳизбро ба фаъолияти холисона ва хизмати содиқона ҳидоят мекард, ки ёдаш гиромӣ бод.

Пас аз шунидани маърӯзаи Анвар Ҷалилов Пленуми ташкилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба масъалаи якум чунин қарор қабул мекунад:

1.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ таъсис дода шавад.

2.Ба ҳамаи аъзоён ва фаъолони ҳизб супорида шавад, ки дар ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҷамъиятҳои саҳомӣ корҳои ташкилотию тарғиботиро ҷоннок намуда, оиди зиёдшавии сафҳои ҳизб ва созмонҳои ибтидоӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, бо қарори Пленум Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳайати 9 нафар – М. Азизов, М. Боқиев, Р. Давлатов, С. Ҳусейнов, Қ. Тошев, С. Мирзоев, М. Мирвайсов, М. Ёров ва М. Шарифов интихоб гардида, аз миёни онҳо дар асоси қарори кумитаи иҷроия Саидсуҳроб Ҳусейнов аввалин раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ интихоб карда мешавад. Интихоби раиси кумитаи варзиши ноҳия – Саидсуҳроб Ҳусейнов дар ин вазифаи пурмасъулият тасодуфӣ набуд. Дар байни халқ ҳурмату обрӯ доштан, бо одамони гуногун кор карда тавонистан, ҳамеша аз вазъи ноҳия бохабар будан ва муҳимаш соҳиби иродаи устувору мавқеи ивазнашванда будани шодравон Саидсуҳроб Ҳусейнов барояш шарафи аввалин раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ буданро эҳдо мекунад. Пас аз ӯ аз соли 2000 то имрӯз шахсиятҳои шинохтаву донишманд ва арзанда, устод Нурулло Оқилзода, Абдуфаттоҳ Қурбонов, Мирзошариф Шарифов, Тоҷиддин Ниёзов ва Дилшод Зокиров ба кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҳбарӣ намуда, ҳар яке баҳри татбиқи амалии Оиннонома ва Барномаи ҳизб хизмат кардаву саҳми шоиста гузоштаанд, ки албатта аз яке аз муҳимтарин санадҳои таърихии ноҳия – қарори таъсиси ҳизб дар соли 1998 сарчашма мегирад.

Муродулло ПОЧОЗОДА,

муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *