Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: Вохӯрӣ бо хатмкунандагон

Тибқи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрии раиси кумитаи иҷроияи ноҳия – Дилшод Зокиров бо хатмкунандагони муассисаҳои ҷамоати деҳоти мазкур баргузор гардид, ки дар он, муовини якуми раиси ҷамоат – Анвар Ахмедов ва намояндаи шуъбачаи минтақавии ҷамоат ширкат доштанд.

Анвар Ахмедов – муовини якуми раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон меҳмононро муаррифӣ намуда, мақсад ва муҳтавои маҷлиси имрӯзаро шарҳ дод.

Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, пос доштани якпорчагии меҳан, муборизаи беамон бурдан ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб суҳбат намуда, аз вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳанд, маълумоти муфассал дод.

Сипас, як гурӯҳ хонандагони фаъоли муассисаҳои Ҷамоати деҳоти Оббурдон, аз ҷумла Мухторзода Шаҳром – хатмкунандаи МТМУ №11, Боқиев Муҳаммадиқбол – хатмкунандаи Литсейи №2 ва Ҳошимзода Садриддин – хатмкунандаи МТМУ №6 доир ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолият, интихоби дурусти касб ва қарз донистани ҳифзи марзу буми мамлакат аз ҷониби ҷавонон маърӯза карданд.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,

мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *