Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

Вохӯрии вакили Ҷамоати деҳоти Оббурдон аз ҳавзаи интихоботии Андарвашт-7 Муродулло Почозода бо интихобкунандагони маҳаллаи Раҳмонобод баргузор гардид.

Сараввал вакил бо ҳамроҳии муовини якуми раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон Икром Ахмедов ва раиси маҳалла Абдуфаттоҳ Баракаев собиқадори меҳнат, собиқ раиси маҳаллаи мазкур, ҷанговари байналмилал Ҳомид Расуловро, ки дар байни мардум ҳамчун “Бобои Афғон” маъруф аст, аёдат карда, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт. Зимни суҳбати самимӣ Муродулло Почозода аз нақши Бобои Афғон дар ободӣ ва номгузории маҳаллаи мазкур ёдовар шуда, барои хизматҳои тӯлонӣ ибрози сипосу миннатдорӣ кард.

Ҳомид Расулов изҳор дошт, ки мардуми маҳалла чун рамзи ифтихору қадршиносии хизматҳои бузургу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳалларо Раҳмонобод номгузорӣ карданд, ки аз ҷониби вакилони ҷамоат ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дастгирӣ ёфт.

Сипас дар МТМУ рақами 37 дидору суҳбати вакил бо як гуруҳ фаъолони маҳалла доир шуд, ки дар он Муродулло Почозода оид ба рафти иҷрои бандҳои Барномаи пешазинтихоботии худ маълумот дод. Мавсуф ҳамчунин сокинони маҳалларо даъват кард, ки баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона меҳнат карда, дар пешрафту ободии диёр саҳми шоиста гузоранд.

– Вазифаҳои асосии мо вакилону фаъолони маҳалла, омӯзгорон ва дар маҷмӯъ ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки барои дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ ва саъю талоши пайваста баҳри ободу зебо намудани диёри файзбор дар муттаҳидӣ бо роҳбарияти ноҳия ба камол расонидани наврасону ҷавонон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, – таъкид кард Муродулло Почозода.

Икром Ахмедов, муовини якуми раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон зимни баромади худ доир ба мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки танҳо насли хушахлоқу донишманд метавонад ҳам барои ободии Ватан ва ҳам ба падару модар хизмати шоиста намояд.

Мудири бунгоҳи саломатии Файзӣ Султонов -2 Гулсуммо Абдулллоева ва ҳамшираи оилавии бунгоҳи мазкур Гулқизмо Бобоева оид ба моҳияти ваксинатсия ба зидди бемории сироятии коронавирус Covid-19 ва саривақт ба эмгузаронӣ фаро гирифтани кӯдакони навзод баромад карданд.

Дар идомаи вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакил ва дигар баромадкунандагон барои чунин вохӯрии муҳиму саривақтӣ ибрози миннатдорӣ намуда, гуфтанд, ки маҳаллаи Раҳмонобод яке аз беҳтарин маҳаллаҳои ноҳия буда, сокинонаш барои аз даст надодани ин пешсафӣ ҳамеша содиқона заҳмат мекашанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *