Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ САНГИН НИЁЗ ВА ВИТКОН

Дар маҳаллаи Сангин Ниёзи Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки сокинони маҳаллаи мазкур вохӯрии гуруҳи тарғиботӣ бо мақомотҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Муродулло Почозода, муовини сардори КДАМ-и ноҳия Давлат Давлатзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Азимбой Шодиев ва сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Алихӯҷа Авлиёев иштироку суханронӣ намуданд. Зимни суҳбат масъулони тарғиботӣ дар атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пиромуни мавзуъҳои мулоқоти Сарвари мамлакат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, омилҳои хатарзои ҷаҳони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву эктремистӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, диққати аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми падару модар, саривақт ҳозир шудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як сокинони маҳалларо лозим аст, ки ба таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати аввалиндараҷа равона намоянд, то ки дар оянда ин насли наврас ҳамчун шахсияҳои худогоҳу хештаншинос ва созандаву ободкор ба воя расида, барои пешрафту ободии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *