Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: ДАВРИ НОҲИЯВИИ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН” ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи Фармоиши раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, таҳти №9, аз 26.04.2021 имрӯз 01-уми июни соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид, ки дар он хонандагони макотиби ноҳия ва омӯзишгоҳи миёнаи касбӣ ширкат варзиданд, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва мудири шуъбаи маориф иштирок намуданд.

Сараввал, Муродулло Почозода – муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба иштирокчиён шарт ва талаботи маҳфил – озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”-ро қироат намуд.

– Тибқи муқаррароти Низомнома шартҳои маҳфил – озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” шарт ва талаботи он бояад ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ бошад:

1. Дар маҳфил-озмун донишҷӯҳои мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карда метавонанд.

2. Ҳар як иштирокчии маҳфил-озмун нахуст доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии киоби “Тоҷикон” баромад мекунад;

3. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи нақли осор муайян карда мешавад;

4. Сипас аз ҷониби ҳакамон ба иштирокчӣ аз китоби “Тоҷикон” саволҳо пешниҳод карда мешавад;

5. Ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтару хубтар муайян намудани дониши иштирокчӣ саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд…

Пас аз фаҳмонидани шартҳои маҳфил – озмуни мазкур аз ҷониби Муродулло Почозода, Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва бо ин мақсад бархурду шинос шудан ба таърихи ғании тоҷикону миллати тоҷик сухунронӣ намуд.

Ибодулло Оқилзода – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ доир ба нашру тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи кишвар то ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, рӯ овардани донишомӯзони кишвар ба шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ва бо ин мақсад бархурдор гардидан аз давлатдории миллати тоҷикон аз азал то имрӯз баромади пурмуҳтаво намуд.

Сипас, даври ноҳиявии маҳфил – озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардида, ба таври шаффоф ва тибқи талаботи муқарраргардидаи Низомнома дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар натиҷа хонандаи синфи 11-и МТМУ №6 – Нуров Ризвон – сазовори ҷойи якум, хонандаи синфи 11-и МТМУ №1 – Тиллозода Рӯзигул – сазовори ҷои дуюм ва хонандаи синфи 10-и МТМУ 17 – Бобокалонзода Ҳалима – сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *