Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: Дастаи коллеҷи кишоварзии ба даври вилоятии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” роҳ ёфт

Дирӯз 13 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи хурди Ҷамоати деҳоти Палдорак дар ҷамъбасти даври ноҳиявии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дастаи “Дӯстӣ” бо дастаи “Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ” сабқат намуда, бо ҳисоби 2:0 дастаи “Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ” ғолиби ҷои якум гардида ба даври вилоятии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” роҳ ёфт. Дастаҳои “Мастчоҳ” ва “Фирдавсӣ” бо ҳам сабқат намуда, дастаи “Мастчоҳ” дастаи “Фирдавсӣ”-ро шикаст дод.Аз рӯи ҳисоби даврӣ дастаи “Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ” ғолиби ҷои якум, дастаи “Мастчоҳ” ғолиби ҷои дуюм, дастаи “Дӯстӣ” ғолиби ҷои сеюм гардиданд.Пас мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров доир ба сабқати хуби дӯстона миёни дастаҳои ғайрикасбии ноҳия ибрози қаноатмандӣ намуда, барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ маслиҳатҳои муфид дод.Сипас, Мулломаҳмад Давлатов – сардори шуъбаи сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ доир ба рушди варзиш дар ноҳия, алалхусус футбол ва таманниёти неки худро доир ба мусобиқаи мазкур иброз дошт.Дар охир, аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба дастаҳои “Дӯстӣ”-ю “Мастчоҳ” туҳфаҳои хотиравӣ ва ба дастаи “Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ” Дипломи дараҷаи 1, медал ва “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар ноҳияи Мастчоҳ тақдим гардида, барои дарвозабони беҳтарин Комил Сангинов, бозингари беҳтарин Исматулло Тошзода ва доварони беҳтарин, ки саҳми онҳо дар шаффоф гузаштани даври ноҳиявии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” назаррас буд, Сафармаҳмад Иноятов Муқаддас, Бурҳонов ва Маҳмадраҷаб Шарипов туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *