Рубрики
Uncategorized

МАСТЧОҲ: ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КИШОВАРЗ”

МАСТЧОҲ Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” бо иштироки Зуфар Исмоилзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигар аъзои гурӯҳ бо омӯзгорони МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳия баргузор шуд.   Маҳмадғаюр Сабуров – директори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ маҷлисро ифтитоҳ намуда, мақсаду муҳтавои онро шарҳ дода, рӯзномаи маҷлисро ироа кард: Муҳтарам ҳозирин! Моро зарур аст, ки рӯзномаи кори Маҷлисро тасдиқ намоем. Ба маҷлиси имрӯза баррассии масъалаҳои зерин пешниҳод мешавад: Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” дар дар давраи ҳисоботӣ; Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”, – гуфт М. Сабуров. Доир ба масъалаи якуми маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” ҳисоботи худро қироат намуд. Дар қисмати музокираи маҷлис Довуд Ниёзов – муовини директори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ оиди корҳои хоҷагӣ баромад намуда, фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”-ро дар давраи ҳисоботӣ қонеъкунанда арзёбӣ кард. Сипас, Маҳмадғаюр Сабуров Қарори маҷлисро қироат намуд: Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Маърифат” қарор мекунад: Ҳисоботи раиси ТИ ҲХДТ “Маърифат” дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида шавад. Раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”  вазифадор карда шавад, ки барои риояи дақиқи Оинномаи ҲХДТ, Одобномаи корманди ҳизбӣ, татбиқи амалии Барномаи ҳизб ва ҷалби аъзои арзанда ба сафи ҲХДТ чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи раиси ташкилоти ибтидоӣ гузошта шавад. Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис номзадии директори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ – Маҳмадғаюр Сабуров пешниҳод гардида, вобаста ба шахси арзанда будани ӯ Вафо Усмонов – омӯзгори МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳия дар қисмати таклифот суханронӣ карда, номзадии шахси арзандаро дастгирӣ кард. Раиси нави ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” – Маҳмадғаюр Сабуров барои ба боварии узви гурӯҳи кории маҷлиси мазкур интихоб гардидани вай изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Дар охир, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода саҳми арзандаи омӯзгорон дар самти рушди давлату давлатдории навини тоҷикон ва тарғибгарони сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери парчами созандаю пешбарандаи ҲХДТ суханронии пурмуҳтаво намуд.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *