Дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Мастчоҳ” баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи ҷавонону занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Хусрав Ашурзода иштирок намуд, ки дар маҷлис ду масъала: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Мастчоҳ” ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Мастчоҳ” пешниҳод шуда, аз ҷониби аъзои ҳизб пазируфта шуд.
Аз рӯи масъалаи якум, раиси ташкилоти ибтидоии “Мастчоҳ” – Туроб Доробзода доир ба фаъолияти Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар 6 моҳи сипаригашта баромад намуд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, ки интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Мастчоҳ” мебошад, номзадии Туроб Доробзода пешниҳод шуда, аз тарафи аъзои маҷлис пазируфта шуд.
Хусрав Ашурзода – мудири шуъбаи занону ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба дастовардҳои замони истиқлол ва бо руҳияи баланди ватандорию ватанхоҳӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.