Дирӯз 15 июни соли ҷорӣ бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Маърифат” баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров, мудири шуъбаи маорифи ноҳия – Ибодулло Оқилов, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” – Мирзодавлат Давлатов, директорону омӯзгорон ва кормандони шуъбаи маориф иштирок намуданд.
Дар маҷлиси мазкур асосан ду масъала: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” ва Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” пешниҳод шуда, аз ҷониби аъзои ҳизб хуб пазируфта шуд.
Аз рӯи масъалаи якум, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” – Мирзодавлат Давлатов доир ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ дар давраи хисоботӣ баромади пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла, мавсуф зикр кард, ки:
– Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷалб намудани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва макотиби олӣ вохӯрии Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ дар МТМУ №11 баргузор карда шуд…
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии қишри осебпазир таъсиси озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯдакони ноҳияро, ки то ба ҳол дар ягон озмун иштирок накардаанд, хеле хушнуд кард.
Дар озмуни мазкур аксари онҳо иштирок дошта, дар номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър 3 нафар, дар номинатсияи маҳорати сурудхонӣ 2 нафар ва дар номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ 2 нафар лоиқи ҷойҳои намоён шуданд.
Ғолибони ин озмуни мазкур дар даври вилоятӣ ширкат карда, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат таъсис карда шудааст, Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” фаъолияти худро дар ин ҷода тибқи дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ, КИВ ҲХДТ ва КИН ҲХДТ иҷро намуд. Дар ин озмун, ки санаи 1-уми июн баргузор гардид, 3 нафар ҷойҳои ифтихориро касб карданд, ки ғолибони озмуни мазкур ба вилоят пешниҳод шудаанд.
Шоистаи зикр аст, ки даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” низ санаи 24 майи соли ҷорӣ дар МТМУ №26, МТМУ №13, МТМУ №1, МДТ “Коллеҷи кишоварзӣ”-и ноҳияи Мастчоҳ ва МДТ “Коллеҷи омӯзгорӣ”-и ноҳия баргузор гардид, ки дар ин озмун 244 нафар; аз ҷумла, 206 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия, 21 нафар донишҷӯ ва 17 нафар омӯзгор ширкат доштанд.
Дар озмуни мазкур, аз номинатсияи математика 8 нафар, аз номинатсияи физика 6 нафар, аз номинатсияи химия 9 нафар, аз номинатсияи биология 9 нафар, аз номинатсияи география 9 нафар, аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ 4 нафар ва аз номинатсияи ихтироъкорӣ 8 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ, олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ бо хонандагони аз синфи 5 то 11 баргузор гардид, ки онҳо фаъолона ширкат карда, 6 нафар сазовори ҷои дуюм ва 7 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғайр аз ин, дар олимпиадаҳои фанниву эҷодӣ дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои ноҳия фаъолияти пурсамар доштанд, ки аз онҳо 8 нафар сазовори ҷои 2-юм ва 7 нафар сазовори ҷои 3-юм гардиданд.
Ҳамчунин, хонандагони ноҳияи Мастчоҳ дар озмунҳои байналхалқӣ низ ширкат карда, 1 нафар сазовори ҷои дуюм ва 4 нафар сазовори ҷои 3-юм шуданд, – гуфт М. Давлатов.
Бурҳон Сафаров – директори МТМУ №1 дар қисмати музокира баромад намуда, фаъолияти раиси Ташкилоти ибтидоии “Маърифат”-ро қаноатбахш хонд.
Пас аз он, Қарори маҷлиси мазкур, ки дар 3 банди иборат аст, фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкурро қаноатбахш ҳисобида, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” вазифадор карда шуд, ки барои риояи дақиқи Оинномаи ҲХДТ, Одобномаи корманди ҳизбӣ, татбиқи амалии Барномаи ҳизб ва ҷалби аъзои арзанда ба сафи ҲХДТ чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд. Инчунин, назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” гузошта шуд.
Дар баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, ки тибқи банди 4.4 Оинномаи ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоиро Маҷлиси умумӣ интихоб мекунад, гурӯҳи кории ташкилоти ҳизбии “Маърифат” дар мувофиқа бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” номзадии мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, узви кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Ибодулло Оқиловро пешниҳод намуда, дар қисмати таклифот Орзугул Шарифова – директори МТМУ №1 мудири маорифи ноҳияи Мастчоҳ – Ибодулло Оқиловро шахси арзанда ва дар кору пайкори худ содиқ буданро қайд намуд. Пас аз он, бо розигии гурӯҳи кории ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Ибодулло Оқилов ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” интихоб гардид.
Пас аз тасдиқи Қарори маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Маърифат” доир ба интихоби Ибодулло Оқилов ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ, барои интихоб гардидан ба ин вазифаи ифтихорӣ ба Раиси мауззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба раёсати КИМ ҲХДТ, раёсати КИВ ҲХДТ ва раёсати КИН ҲХДТ миннатдорӣ намуда, изҳор дошт:
– Ҳамчун узви фаъоли ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ба ин боварии Шумо сазовор гардида, баҳри пешрафту ободии ноҳия ва рушди ҳамаи соҳаҳои марбут ба маорифбуда, густариши нуфузи ҲХДТ ва барои сазовор истиқбол намудани 24-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо фаъолона меҳнат намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.
Зуфар Исмоилзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир ба дастовардҳои маорифчиён дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ғамхории мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат ба ин қишри асосии кишвар, тарғибу ташвиқ ва ба камол расонидани насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастию меҳанпарастӣ суханронӣ намуда, ба собиқ раиси Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” – Давлатов Мирзодавлат барои фаъолияти пурсамар дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Оинномаву Барномаи ҳизб тӯли зиёда аз 20 сол ибрози сипосу миннтадорӣ намуда, ба мавсуф Сипосномаи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.